Шуғли меҳнат
Қонунгузорӣ:
- Трудовой кодекс Российской Федерации» от 30.12.2001 N 197-ФЗ(Кодекси меҳнатии Федератсияи Россия аз 30.12.2001 № 197-ФЗ) – Моддаи 65. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ пешниҳод карда мешаванд, м.56.1 Манъи меҳнати иҷорӣ, Боби 50.1 Хусусиятҳои танзими кори кормандоне, ки шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣҳастанд, Боби 53.1 Хусусиятҳои танзими кори кормандоне, ки корфармо муваққатан онҳоро ба ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи шартномаи пешниҳоди кори кормандон (ҳайат) мефиристад.
- Приказ Министерства труда и социальной защиты Российской Федерации от 25.11.2019 № 734н (Фармони вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия аз 25.11.2019)"Дар бораи тасдиқи феҳристи касбҳо (ихтисосҳо, вазифаҳо)-и шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ – соҳибкасбони баландихтисос, ки ҳуқуқи ба тартиби соддакардашуда гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россияро доранд".
Барои дар ФР расман ба кор машғул шудан бояд бо корфармо чунин шартномаҳо баста шаванд:
- шартномаи меҳнатӣ – дар ҳолати кори доимии дурудароз дар ҷои кори корфармо;
- шартномаи хизматрасонӣ ё шартномаи иҷора – дар сурати иҷораи муваққатӣ, пудрат барои иҷрои ҳаҷми аниқи корҳо дар доираи вақти маҳдуд.
Барои расман машғул шудан ба кор муҳоҷир бояд чунин ҳуҷҷатҳо дошта бошад:
- шиносномаи хориҷии амалкунанда бо тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда бо забони русӣ;
- дафтарчаи меҳнатӣ (агар муҳоҷир дафтарчаи меҳнатӣ надошта бошад, корфармо бояд онро тайёр кунад);
- ИНН (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- СНИЛС;
- патенти амалкунандаи кор;
- полиси амалкунандаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС).
- диплом оид ба маълумоти миёнаи махсус ё маълумоти олии касбӣ – ҳангоми қабул шудан ба вазифаҳои тахассусӣ.
Кори ғайриқонунӣ дар ФР ҳуқуқвайронкунии ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ва эмин нигоҳ доштани худ аз таваккалҳои нозарур хеле муҳим аст.
Дар ФР феҳристи 135 касби баландтахассус амал мекунад. Чунин мутахассисон ба иқтисоди Россия зарур ҳастанд ва метавонанд ба шарти мавҷудияти як сол собиқаи кории расмии корӣ дар ФР барои гирифтани шаҳрвандӣ ба тариқи соддашуда умед банданд. Дар ин феҳрист мутахассисони тиб (фелдшер, ҳамшираи шафқат, духтур, акушер), маориф (мураббӣ, муаллим, устод), муҳандисӣ, коргарӣ (челонгар, таъмиргар, барқчӣ, монтажчӣ, харрот ва ғайра), кишоварзӣ ва ихтисосҳои дигар ҳастанд. Муфассалан бо феҳристи касбҳо дар ин сайт шинос шудан мумкин аст https://www.garant.ru/products/ipo/prime/doc/73476436/
Ҳангоми ҷустуҷӯи кор маслиҳат медиҳем, ки аз махзани расмии умумироссиягии ҷойҳои кор истифода баред:
trudvsem.ru – Кор дар Россия: махзани умумироссиягии ҷойҳои кори Хадамоти федералии меҳнат ва шуғл.
Чунин маслиҳатҳои одӣ ба Шумо барои корёбӣ ёрӣ мерасонанд:
- қонунӣ кор кунед: патентикорба Шумо ҳуқуқи кор ҳам дар назди шахсони воқеӣ, ҳам дар ташкилотҳоро медиҳад, аммо муносибатҳои меҳнатии Шумо бо кордиҳандагон бояд ҳатман бо шартномаи меҳнатӣ тасдиқ карда шаванд.
- кордиҳандаи худро бояд шиносед: Шумо бояд ҲАТМАН ном ва суроғаи ташкилотеро, ки дар он кор мекунед, робитаҳо (вазифа, насабу ном, телефон)-и роҳбари бевоситаатонро донед, ин маълумот, агар ба Шумо ҳифзи ҳуқуқатон ва рӯёндани музди коратон зарур шавад, хеле муфид хоҳад буд;
- ба миёнравҳо муроҷиат накунед: эҳтиёткор шавед – миёнравҳо метавонанд Шуморо ҳамчун қувваи бепули корӣ истифода баранд;
- бо корфармо шартномаи меҳнатӣ бандед: кордиҳанда ВАЗИФАДОР аст, ки бо Шумо шартномаи меҳнатӣ бандад ва ба Шумо нусхаи он шартномаро диҳад.
- миқдор ва шароити пардохти музди меҳнатро аниқ муайян кунед: Шумо бояд донед, ки ба Шумо чӣқадар ва барои кадом кор музд медиҳанд. Миқдори музди меҳнат бояд дар шартнома нишон дода шавад. Маблағро Шумо бояд аз корти махсуси бонкӣ, ки ба номатон ташкил карда шудааст, ё шахсан аз муҳосибот бо имзоятон гиред. Дар муҳосибот бояд ба Шумо варақаи ҳисоб диҳанд. Ҳама гуна муносибатҳои пулӣ бояд ҳуҷҷатӣ карда шаванд. Агар аз Шумо қарздор бошанд – аз кордиҳанда ҳатман забонхат талаб карда, онро бо худ нигоҳ доред;
- ҳама чизеро, ки барои имзо пешниҳод мекунанд, бодиққат хонед, талаб кунед, ки як нусхаашро ба Шумо диҳанд: агар ба Шумо пешниҳод кунанд, ки ба ягон чиз – шартнома, табел, забонхат ва ғайра имзо гузоред – Шумо бояд ба он чизе, ки имзо мекунед, розӣ бошед. Агар когаз шахсан ба Шумо дахл дошта бошад, талаб кунед, ки нусхаи онро ба Шумо диҳанд. Шумо ҳуқуқ доред, ки ба шартномаҳо, огоҳиҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, агар бо муҳтаво ва шартҳои онҳо розӣ набошед, имзо нагузоред.
- ҳуҷҷатҳои худро барои нигоҳдорӣ ба кордиҳандаи худ надиҳед: ҳеҷ кас ба ғайри Шумо наметавонад шиноснома, патенти кор, суғурта, нусхаи шартномаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоятонро нигоҳдорӣ кунад, инчунин наметавонад озодии равуоятонро маҳдуд намояд, телефонатонро гирад ва ғ. Зӯран гирифтани шиноснома ва маҳдуд кардани озодӣҷинояти ҷиддӣ аст: дар ин ҳолат ба политсия муроҷиат кардан даркор аст!
- барои ёрӣ муроҷиат кунед: барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ Шумо метавонед ба политсия, Прокуратура, Нозироти давлатии меҳнат, суд, ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон, ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат кунед. Робитаҳои заруриро Шумо метавонед дар поёнтар, дар бахши “Суроғаҳо ва телефонҳои муфид”-и ин китобча ёбед.
Шартномаи меҳнатӣ – созишномаи байни корманд ва кордиҳанда аст, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайнро (дар асоси моддаҳои 15, 16, 56 КГ ФР) муқаррар мекунад.
Шумо ҳатман як нусхаи шартномаи меҳнатиро, ки кордиҳанда ба он имзо гузоштааст, бо худ гиред.
Дар шартномаи меҳнатӣҳатман нишон дода мешаванд (мувофиқи мод. 57 КМ ФР):
- насаб, ном, номи падар, маълумотҳои шиносномаи корманд;
- насаб, ном, номи падар, ном ва суроғаи ҳуқуқии кордиҳанда;
- вазифа ва уҳдадориҳои меҳнатии корманд;
- ҷои кор – суроғаи воқеии ташкилот;
- санаи оғози кор, муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ;
- шароити пардохти музди меҳнат, миқдори музди меҳнат, маош, иловапулиҳо;
Андозаи музди корманди шуѓли пурра набояд аз андозаи музди минималии кор кам бошад - ба 1 июли с. 2019 музди њармоњаи минималии маош дар Россия 11200 рубл,дар Санкт-Петербург - 18000 рубл, дар вилояти Ленинград области – 12000 рубл, дар вилояти Москва – 14200 рубл, дар Москва – 19321 рубл мебошад.
- тартиб ва муҳлатҳои пардохти музди меҳнат;
- реҷаи вақти корӣ;
Давомнокии рӯзи корӣ аз 8 соат, ҳафтаи корӣ аз 40 соат набояд зиёд бошад. Барои кори берун аз ин муҳлат иловапулиҳо таъин карда мешаванд (мувофиқи моддаҳои 152, 153 ва 154 КМ ФР).
- шартҳои суғуртаи ҳатмии иҷтимоии корманд – рухсатии ҳарсолаи музднок (на кам аз 28 рӯзи корӣ), пардохти беморӣ(дар ҳолати касалӣ) ва суғуртаи ҳодисаҳои нохуш (моддаҳои 115, 183, 327.3 КМ ФР);
- имконияти иҷрои корҳо дар ташкилоти дигар.
Њимоят аз ќарзкорї (заёмный труд).
Ќарзкорї – аз тарафи корфармо ба ташкилотњои дигар фиристонидани кормандони худ бе даровардани расмиёти муносибатњои мењнатї дар ФР манъ карда шудааст (моддаи 56.1 ТК РФ – КМ ФР).
Танҳо агентињои хусусии шуѓл метавонанд кормандони худро ба дигар ташкилотњо ё шахсони воќеї пешнињод кунанд, аммо дар ин сурат уњдадоранд:
- дар шартномаи мењнатї зикр кунанд, ки корманд дар ташкилоти дигар (тарафи сеюм) кор мекунад;
- бо корманд дар њар мавриди фиристониданаш ба тарафи сеюм шартномаи иловагї банданд.
Агар Шумо ба агентии хусусии шуѓл мурољиат кардед, њатман таваљљуњ кунед, ки њамаи ин шартњо дар шартнома зикр шуда бошанд.
Кордиҳанда уҳдадор аст (мувофиқи мод. 22 КМ ФР):
- бе таъхир ва бе каму кост маоши Шуморо диҳад;
- ҷои кори мувофиқ ба меъёрҳои бехатарии меҳнат таъмин кунад;
- муҳлати будубоши муваққатии Шуморо дар минтақаи ФР дар муҳлати амали патенти кор дароз кунад;
- ба Шумо дар бораи қоида ва тартиботи махсуси дар ташкилот қабулшуда маълумот диҳад;
- дар ҳолати осебёбии истеҳсолӣ ва ҳодисаи нохуш зарари ба Шумо расидаро ҷуброн кунад;
- ба табъйизи кормандони хориҷӣ дар вақти раванди меҳнатӣ роҳ надиҳад.
Шумо вазифадоред:
- шартҳои шартномаи меҳнатиро бовиҷдонона иҷро кунед;
- дар бораи аз кор рафтанатон 14 рӯз пешакӣ ба таври хаттӣ кордиҳандаро огоҳ кунед;
- ба қоидаҳои тартиботи меҳнатӣ ва техникаи бехатарӣ риоя кунед;
- ба амвол ва асбобҳои кордиҳанда эҳтиёткорона муносибат кунед;
- дар бораи пайдо шудани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон хатар доранд, ба кордиҳанда хабар диҳед;
- дар омода кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, тиббӣ, полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ фаъолона иштирок кунед;
Шумо ҳуқуқ доред (мувофиқи мод. 21 КМ ФР):
- аз иҷрои корҳои ба ҳаёт ва саломатӣ хатарнок даст кашед;
- талаб кунед, ки ба Шумо нусхаҳои шартномаи меҳнатӣ, варақаҳои ҳисобӣ, дигар маълумотномаҳоро оид ба муҳлат ва миқдори музди кор дар муҳлати то 3 рӯзи корӣ диҳанд;
- барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба Нозироти давлатии меҳнат, прокуратура ва суд муроҷиат кунед.
Мутобиқи қонунгузории меҳнат Шумо ҳуқуқ доред, ки ба суд то ба охир расидани 3 моҳ аз замони надодани музди меҳнататон ё бекор кардани шартномаи меҳнатии Шумо муроҷиат кунед. Бодиққат бошед ва дар ҳолати зарурат ба суд сари вақт муроҷиат кунед (мод. 392 КМ ФР).
Хулосаи шартномаи ҳуқуқии гражданӣ
Шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣҳангоми кортаъминкунӣ – созишномаи хизматрасонӣ мебошад. Чунин шартномаро ҳам бо шахси воқеӣ ва ҳам бо ташкилот бастан мумкин аст. Мисолҳо барои чунин шартномаҳо: шартномаи пудрати сохтмонӣ, дар бораи хизматрасонӣ ва ғайра. Мувофиқи ин шартнома Шумо маош не, мукофот барои кори худ, вобаста аз ҳаҷми иҷрои онро мегиред.
Агар Шумо ба шартҳои шартнома розӣ набошед, имзо нагузоред: Шумо иштирокчии баробарҳуқуқи ин шартнома ҳастед ва метавонед шартҳои худро пеш гузоред!
Аксар вақт ширкатҳои аутсорсингӣ (масалан, оид ба ташкили меҳнати фаррошон, ҳавлирӯбон, коргарони ёрирасон) бо муҳоҷирон чунин шартномаҳои ҳуқуқии шаҳрвандиро истифода мебаранд, ки кормандони худро ба кордиҳандагони дигар ба иҷора медиҳанд: ба сохтмонҳо, гипермаркетҳо ва ғ..
Хусусиятҳои ҳуқуқи гражданиро ба шартномаи меҳнатӣ бо розигии тарафайн, дастури инспексияи меҳнат ё ба воситаи суд аз нав тасниф кардан мумкин аст. Дар ҳолати аввал иҷрокунанда ба номи корфармо ариза дар бораи эътироф кардани муносибатҳои меҳнатӣ, агар корманди доимӣ бошад,менависад.
Барои бастани шартномаи дорои хусусияти ҳуқуқи гражданӣба корфармо ин ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд:
- Шиноснома.
- СНИЛС.
- ИНН (РМА).
- Патенти кор.
Шумо бояд як нусхаи шартномаи ҳуқуқии имзокардаи кордиҳандаро барои худ гиред.
Дар шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ бояд инҳо нишон дода шаванд:
- насаб, ном, номи падар, маълумотҳои шиносномаи корманд;
- насаб, ном, номи падар, ном ва суроғаи ҳуқуқии кордиҳанда;
- ҷои кор – суроғаи воқеии ташкилот;
- санаи оғози кор, муҳлати иҷрои кору хизматрасониҳо;
- ҳаҷми корҳо;
Диққат диҳед, ки ҳаҷми кор аниқ нишон дода шуда бошад – аз ҳаҷми кор мукофоти Шумо вобаста аст.
- шароит, реҷаи кор ва андозаи мукофот;
Ҳатман ба шартҳои мушаххаси пардохти мукофот диққат диҳед – онҳо метавонанд аз муҳлат, сифат ва ҳаҷми кори иҷрошуда вобаста бошанд ва бо дигар шартҳои иловагӣ муайян карда шаванд.
- тартиб ва муҳлатҳои пардохти мукофот;
- уҳдадориҳо ва масъулияти кордиҳанда – масалан, муҳайё кардани асбобҳои корӣ ва ғ.;
- уҳдадориҳо ва масъулияти корманд;
- имзо ва муҳри кордиҳанда, имзои корманд;
- шумораи тартибӣ ва санаи имзои шартнома.
Иҷрои шартҳои шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва адои хизматрасонӣ бо санад дар бораи супурдану қабул кардани корҳои иҷрошуда, ки дар он корманд ва кордиҳанда иҷрои корҳо ва гирифтани мукофотро тасдиқ мекунанд ва нисбати ҳамдигар эътироз надоштанашонро баён менамоянд, тасдиқ карда мешавад. Санад дар 2 нусха таҳия ва имзо мешавад – яке барои кордиҳанда, дигаре барои корманд.
Баъзан санади супурдану қабул кардани корҳои иҷрошуда ва хизматрасонӣ аз тарафи кордиҳанда бо матни шартномаи меҳнатӣ омехта карда мешавад. Бодиққат бошед – то мукофотро нагиред, ба санади супурдану қабул кардан имзо нагузоред.
Ба ёд доред – шартҳои шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ набояд хилофи қонунгузории Россия бошанд! Кордиҳанда ҳақ надорад, ки Шуморо ба иҷрои кор маҷбур кунад, ҷарима бандад, мукофотро надиҳад, меъёрҳои техникаи бехатариро ҳангоми ташкили меҳнат таъмин накунад, Шуморо бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ба кор қабул кунад. Дар ҳамаи ҳолатҳое, ки дар шартнома зикр нашудаанд, кордиҳанда бояд мувофиқи қонунгузории ФР, аз ҷумла қонунҳои меҳнат амал кунад.
Аксар вақт ҳангоми бастани шартнома кордиҳандагон кӯшиш мекунанд, ки худро аз замонат ва уҳдадориҳо дар назди кормандон халос кунанд. Бодиққат бошед – агар Шумо дар ташкилот доимӣ дар ҳамон як вазифа кор мекунед, бо Шумо бояд маҳз шартномаи меҳнатӣ баста шавад.
Шумо ҳуқуқ доред:
- аз иҷрои корҳои ба ҳаёт ва саломатӣ хатарнок даст кашед;
- талаб кунед, ки ба Шумо нусхаҳои шартномаи меҳнатӣ, варақаҳои ҳисобӣ, дигар маълумотномаҳоро оид ба муҳлат ва миқдори музди кор дар муҳлати то 3 рӯзи корӣ диҳанд;
- барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба Нозироти давлатии меҳнат, РММ ВКД ФР, прокуратура ва суд муроҷиат кунед.
Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ
Дар шароити эпидемиякордиҳанда ҳуқуқ надорад, ки ҳамту шуморо аз кор пеш кунад ё маошатонро бурад, маҷбур кунад, ки ба кор бароед ё кори иловагии бе музд кунед. Кордиҳанда инчунин бояд шуморо бо маводи муҳофизатӣ (ниқоб, дастпӯш) таъмин намояд, тағйир ёфтани реҷаи корро ба таври хаттӣ бо шумо мувофиқа кунад, музди меҳнатро сари вақт ва пурра пардохт кунад, ба ҷаримабандӣ, камҳисобӣ ва кашол ёфтани муҳлат роҳ надиҳад.
Дар бораи поймолшавии ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва қоидаҳои худмуҳофизатӣ аз тарафи кордиҳанда шумо метавонед ба Инспексияи давлатии меҳнат хабар диҳел:
Хати доғи Роструд: онлайнинспекция.рф/covid19
Государственная инспекция труда в Санкт-Петербурге: git78.rostrud.ru, 8 (812) 747-37-85, хати доғи шабонарӯзӣ: 8 (812) 408-90-16
https://онлайнинспекция.рф/ - Хидмати электронии Онлайнинспекция.РФ ба лоиҳаи васеъмиқёсу дарозмуҳлати «Открытая Инспекция Труда» дохил мешавад. Он ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳояш ба инспексияи меҳнат муроҷиат кунад, инчунин дар бораи дигар усулҳои ҳалли мубоҳисаҳои меҳнатӣ маълумот гирад.
https://онлайнинспекция.рф/instructions - Роҳнамои меҳнатӣ барои корманд: маҷмуъи дастурҳо, ки масъалаҳои нисбатан маъмулро дарбар мегиранд.
https://онлайнинспекция.рф/reminders - Ёддошт барои корманд.
https://онлайнинспекция.рф/precheck/148 - Тафтиши қонунӣ будани шартномаи меҳнатӣ.
https://www.rostrud.ru/inspections/ - суроғаи шуъбаҳои минтақавии инспексияҳои давлатии меҳнат.
https://sudrf.ru/ - Портали интернетии системаи давлатии автоматикунондаи «Правосудие»: суроғаи судҳо дар минтақаҳои ФР.
https://genproc.gov.ru/ - сайтиПрокуратураи генералии ФР.