Қонунгузорӣ:
- Трудовой кодекс Российской Федерации» от 30.12.2001 N 197-ФЗ(Кодекси меҳнатии Федератсияи Россия аз 30.12.2001 № 197-ФЗ) – Моддаи 65. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ пешниҳод карда мешаванд, м.56.1 Манъи меҳнати иҷорӣ, Боби 50.1 Хусусиятҳои танзими кори кормандоне, ки шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣҳастанд, Боби 53.1 Хусусиятҳои танзими кори кормандоне, ки корфармо муваққатан онҳоро ба ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи шартномаи пешниҳоди кори кормандон (ҳайат) мефиристад.
- Приказ Министерства труда и социальной защиты Российской Федерации от 25.11.2019 № 734н (Фармони вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия аз 25.11.2019)"Дар бораи тасдиқи феҳристи касбҳо (ихтисосҳо, вазифаҳо)-и шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ – соҳибкасбони баландихтисос, ки ҳуқуқи ба тартиби соддакардашуда гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россияро доранд".
Барои дар ФР расман ба кор машғул шудан бояд бо корфармо чунин шартномаҳо баста шаванд:
- шартномаи меҳнатӣ – дар ҳолати кори доимии дурудароз дар ҷои кори корфармо;
- шартномаи хизматрасонӣ ё шартномаи иҷора – дар сурати иҷораи муваққатӣ, пудрат барои иҷрои ҳаҷми аниқи корҳо дар доираи вақти маҳдуд.
Барои расман машғул шудан ба кор муҳоҷир бояд чунин ҳуҷҷатҳо дошта бошад:
- шиносномаи хориҷии амалкунанда бо тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда бо забони русӣ;
- дафтарчаи меҳнатӣ (агар муҳоҷир дафтарчаи меҳнатӣ надошта бошад, корфармо бояд онро тайёр кунад);
- ИНН (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- СНИЛС;
- патенти амалкунандаи кор;
- полиси амалкунандаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС).
- диплом оид ба маълумоти миёнаи махсус ё маълумоти олии касбӣ – ҳангоми қабул шудан ба вазифаҳои тахассусӣ.
Кори ғайриқонунӣ дар ФР ҳуқуқвайронкунии ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ва эмин нигоҳ доштани худ аз таваккалҳои нозарур хеле муҳим аст.
Дар ФР феҳристи 135 касби баландтахассус амал мекунад. Чунин мутахассисон ба иқтисоди Россия зарур ҳастанд ва метавонанд ба шарти мавҷудияти як сол собиқаи кории расмии корӣ дар ФР барои гирифтани шаҳрвандӣ ба тариқи соддашуда умед банданд. Дар ин феҳрист мутахассисони тиб (фелдшер, ҳамшираи шафқат, духтур, акушер), маориф (мураббӣ, муаллим, устод), муҳандисӣ, коргарӣ (челонгар, таъмиргар, барқчӣ, монтажчӣ, харрот ва ғайра), кишоварзӣ ва ихтисосҳои дигар ҳастанд. Муфассалан бо феҳристи касбҳо дар ин сайт шинос шудан мумкин аст https://www.garant.ru/products/ipo/prime/doc/73476436/
Ҳангоми ҷустуҷӯи кор маслиҳат медиҳем, ки аз махзани расмии умумироссиягии ҷойҳои кор истифода баред:
trudvsem.ru – Кор дар Россия: махзани умумироссиягии ҷойҳои кори Хадамоти федералии меҳнат ва шуғл.
Чунин маслиҳатҳои одӣ ба Шумо барои корёбӣ ёрӣ мерасонанд:
- қонунӣ кор кунед: патентикорба Шумо ҳуқуқи кор ҳам дар назди шахсони воқеӣ, ҳам дар ташкилотҳоро медиҳад, аммо муносибатҳои меҳнатии Шумо бо кордиҳандагон бояд ҳатман бо шартномаи меҳнатӣ тасдиқ карда шаванд.
- кордиҳандаи худро бояд шиносед: Шумо бояд ҲАТМАН ном ва суроғаи ташкилотеро, ки дар он кор мекунед, робитаҳо (вазифа, насабу ном, телефон)-и роҳбари бевоситаатонро донед, ин маълумот, агар ба Шумо ҳифзи ҳуқуқатон ва рӯёндани музди коратон зарур шавад, хеле муфид хоҳад буд;
- ба миёнравҳо муроҷиат накунед: эҳтиёткор шавед – миёнравҳо метавонанд Шуморо ҳамчун қувваи бепули корӣ истифода баранд;
- бо корфармо шартномаи меҳнатӣ бандед: кордиҳанда ВАЗИФАДОР аст, ки бо Шумо шартномаи меҳнатӣ бандад ва ба Шумо нусхаи он шартномаро диҳад.
- миқдор ва шароити пардохти музди меҳнатро аниқ муайян кунед: Шумо бояд донед, ки ба Шумо чӣқадар ва барои кадом кор музд медиҳанд. Миқдори музди меҳнат бояд дар шартнома нишон дода шавад. Маблағро Шумо бояд аз корти махсуси бонкӣ, ки ба номатон ташкил карда шудааст, ё шахсан аз муҳосибот бо имзоятон гиред. Дар муҳосибот бояд ба Шумо варақаи ҳисоб диҳанд. Ҳама гуна муносибатҳои пулӣ бояд ҳуҷҷатӣ карда шаванд. Агар аз Шумо қарздор бошанд – аз кордиҳанда ҳатман забонхат талаб карда, онро бо худ нигоҳ доред;
- ҳама чизеро, ки барои имзо пешниҳод мекунанд, бодиққат хонед, талаб кунед, ки як нусхаашро ба Шумо диҳанд: агар ба Шумо пешниҳод кунанд, ки ба ягон чиз – шартнома, табел, забонхат ва ғайра имзо гузоред – Шумо бояд ба он чизе, ки имзо мекунед, розӣ бошед. Агар когаз шахсан ба Шумо дахл дошта бошад, талаб кунед, ки нусхаи онро ба Шумо диҳанд. Шумо ҳуқуқ доред, ки ба шартномаҳо, огоҳиҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, агар бо муҳтаво ва шартҳои онҳо розӣ набошед, имзо нагузоред.
- ҳуҷҷатҳои худро барои нигоҳдорӣ ба кордиҳандаи худ надиҳед: ҳеҷ кас ба ғайри Шумо наметавонад шиноснома, патенти кор, суғурта, нусхаи шартномаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоятонро нигоҳдорӣ кунад, инчунин наметавонад озодии равуоятонро маҳдуд намояд, телефонатонро гирад ва ғ. Зӯран гирифтани шиноснома ва маҳдуд кардани озодӣҷинояти ҷиддӣ аст: дар ин ҳолат ба политсия муроҷиат кардан даркор аст!
- барои ёрӣ муроҷиат кунед: барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ Шумо метавонед ба политсия, Прокуратура, Нозироти давлатии меҳнат, суд, ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон, ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат кунед. Робитаҳои заруриро Шумо метавонед дар поёнтар, дар бахши “Суроғаҳо ва телефонҳои муфид”-и ин китобча ёбед.