Миграция и мигранты

Межрегиональный информационный портал
migrussia.ru

События

Разработан новый буклет "Добро пожаловать в Санкт-Петербург! Полезные контакты в помощь мигранту"
Подробнее...
Издан новый сборник «Мигранты советуют мигрантам. Полезные советы о жизни в России»
Подробнее...
Разработана новая настольная игра "Многонациональная Карелия"
Подробнее...
Внесены изменения в миграционном учете иностранных граждан
Подробнее...
"ПСП-фонд" разработал новые буклеты для иностранных граждан, кто собирается изменить свое семейное положение или зарегистрировать рождение ребенка в России
Подробнее...
Новые информационные материалы для трудовых мигрантов Ленинградской области разработали специалисты "ПСП-фонда"
Подробнее...

Фармони Вазорати тандурустии ФР аз 29 июни соли 2015. № 384н “Дар бораи тасдиқ кардани феҳристи касалиҳои сироятӣ, ки барои атрофиён хатар доранд ва асос барои бекор кардан ё рад кардани иҷозатномаи истиқомати муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, иҷозати истиқомат, ё иҷозати кор дар Федератсияи Россия шуда метавонанд, инчунин тартиби тасдиқи будан ё набудани ин касалиҳо, инчунин шаклҳои хулосаи тиббӣ дар бораи будан (набудан)-и касалиҳои зикршуда”

 

Ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент шаҳрванди Тоҷикистон бояд аз комиссияи махсуси тиббӣ гузарад, то ду ҳуҷҷати дигар гирад:
- хулосаи тибб
ӣ дар бораи саломатӣ;
- сертификат дар бораи набудани сирояти ВИЧ.

Хулосаи тиббӣ чунин таҳлилҳои лабораторӣ, рентгенӣ ва муоинаҳои духтурони мутахассисро дарбар мегирад:

- таҳлили хун;

- флюрография ё таҳқиқи рентгении шушҳо;

- таҳлили молекулярӣ-биологиии балғам ва луоби бинӣ;

- муоинаҳои силшинос, пӯстшинос ва сироятшинос.

Барои гирифтани худ патент аз муоинаи тиббӣ гузаштан зарур аст. Муоина бо он мақсад гузаронида мешавад, ки то бовар пайдо гардад, ки шаҳрванди хориҷӣ ба касалиҳое чун нашъамандӣ, ВИЧ, сил, баъзе бемориҳои сироятӣ, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ сироят мекунанд, гирифтор нест.

Муоинаи тиббӣ дар муассисаи махсуси тиббии минтақае гузаронида мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар он ҷо кор карданӣ аст. Барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ чунин ҳуҷҷатҳот лозим мебошанд:

-        Шиноснома ва нусхаи шиноснома;

-        Шиноснома бо тарҷумаи нотариалияш бо забони русӣ(дар идораҳои нотариалие, ки тарҷумон доранд, гирифта мешавад);

-        Огоҳнома дар бораи гузоштан дар қайди муҳоҷират (регистратсия) ва нусхаи он.

Аз муоинаи тиббӣ гузаштан хизмати пулакӣ аст.

Хулосаи натиҷаҳои комиссияи тиббӣ баъди 5 рӯзи корӣ дода мешавад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, ки маълумотномаи шакли 086-ро, ки дар Тоҷикистон дода мешавад, пешниҳод кунанд. Таваҷҷуҳ кунед – доштани ин маълумотнома Шуморо аз зарурати гузаштан аз муоинаи тиббӣ озод намекунад.

Диққат диҳед – пеш аз гузаштани комиссияи тиббӣ чунин доруҳоро истеъмол накунед: коделак; кодипронт; кодтерпин; нурофен плюс; пенталгин, пенталгин–Н; седал –М; седалгиннео; терпинкод; тетралгин; каффетин; корвалол; валокордин; фенобарбитал. Агар Шумо мунтазам яке аз ин доруҳоро истеъмол кунед, ҳатман ба духтурон дар ин бора хабар диҳед.

Барои кор дар соҳаи хизматрасонии маишӣ ва хӯроки умумӣ(қаҳвахона, кӯдакистонҳо, меҳмонхонаҳо, мактабҳо ва ғ.) гирифтани дафтарчаи тиббӣ зарур аст. Дафтарчаи тиббиро, ки пулакӣ аст, аз ҳамон ҷое, ки комиссияи тиббӣ мегузарад, гирифтан мумкин аст.

Шикоятҳоро оид ба вайрон кардани тартиби хулосадиҳии тиббӣРосздравнадзорқабул мекунад.

Координатор портала

logopsp

Полезная информация

spb welcome banner