Гузаштан аз санҷиши донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Россия ба тартиби таҳияи патентии кор дохил мешавад.
Аз санҷиш гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ бо сертификати махсус тасдиқ карда мешавад. Он ба муҳлати 5 сол амал мекунад.
Супурдани санҷиш ва гирифтани сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР дар марказҳои махсуси санҷишӣ сурат мегирад. Барои аз санҷиш гузаштан чунин ҳуҷҷатҳо лозим мебошанд:
- Шиноснома ва нусхаи шиноснома;
- Шиноснома бо тарҷумаи нотариалияш бо забони русӣ(аз идораҳои нотариалие, ки тарҷумон доранд, гирифта мешавад);
- Корти муҳоҷират бо штампи воридшавӣ ва нусхаи он.
Ҳангоми муроҷиат Шумо бояд дар бонки дилхоҳ маблағи санҷишро пардохт кунед ва расид гиред. Арзиши хизматрасонии санҷишро аз марказҳои санҷиш ва сайтҳои онҳо донистан мумкин аст.
Имтиҳон иборат аст аз:
Қисми 1. Забони русӣ (1 с 20 дақ) – грамматика, навиштан, хондан, нутқи шифоҳӣ, шунидану нақл кардан.
Қисми 2. Таърихи Россия (35 дақ) – 20 саволи тестӣ.
Қисми 3. Асосҳои қонунгузории ФР (35 дақиқа) – 20 саволи тестӣ.
Дар бораи санҷиш ва мустақилона омода шудан ба он ба Шумо сайти «Российский тестовый консорциум» testcons.ruёрӣ расонида метавонад.
Дар сайти testmigr.ru Шумо метавонед худро бисанҷед ва сатҳи дониши худро муайян намоед.
Аз санҷиш гузаштан лозим нест, агар чунин ҳуҷҷатҳо доред:
-Дипломи муассисаи таълимии СССР, ки то 1 сентябри соли 1991 гирифта шудааст;
-диплом дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти ҳар кадом аз кишварҳои ИДМ бо гузаштани курси омӯзиши забони русӣ, тасдиқи нотариалии он бо забони русӣ ва тасдиқномаи мутобиқати он бо стандартҳои таҳсилоти Россия.