Миграция и мигранты

Межрегиональный информационный портал
migrussia.ru

События

Подписаны новые Указы Президента РФ, касающиеся изменений в вопросах получения российского гражданства и института репатриации
Подробнее...
МВД России информирует об изменении порядка подачи сведений об осуществлении трудовой деятельности на территории РФ иностранными гражданами
Подробнее...
Новый буклет "Добро пожаловать в Санкт-Петербург! Образование для детей. В помощь мигрантам"
Подробнее...
Разработан новый буклет "Добро пожаловать в Санкт-Петербург! Полезные контакты в помощь мигранту"
Подробнее...
Издан новый сборник «Мигранты советуют мигрантам. Полезные советы о жизни в России»
Подробнее...
Разработана новая настольная игра "Многонациональная Карелия"
Подробнее...

Шањрванди хориљиеро, ки ќонунгузории ФР-ро дар бораи муњољират вайрон мекунад, метавонанд ба љавобгарии вазнин кашанд. Шумо бояд талаботи конунњои Россияро ќатъиян риоя кунед ва аз ќонуншиканињо худдорї намоед!

1. Набудани иљозати даромадан ба ФР

Агар Шумо полиси суѓуртаи тиббї надошта бошед, ё доѓи судиятон бардошта нашуда бошад, њисобњо, андозњо ва љаримањои пардохтнашуда дошта бошед, то онњоро пардохт накунед, Шуморо ба Россия даромадан намемонанд.

Даромадан ба ФР ба муддати 3 сол манъ аст, агар Шумо:

дар Россия бе ба расмият даровардани њуљљатњо барои кор беш аз 90 рўз дар муњлати љамъулљамъ 180 рўз истода бошед.

дар муњлати 3 сол 2 ва зиёда њуќуќвайронкунии маъмурї дошта, барои ин корњо љарима шуда бошед.

муњлати ќонунии будубош дар ФР-ро ба муддати беш аз 30 шабонарўз вайрон карда бошед.

Даромадан ба ФР ба муддати 5 сол манъ аст, агар Шумо:

дар муњлати 1 сол 2 ва ё зиёда маротиба барои вайрон кардани режими муњољират ба љавобгарии маъмурї кашида шуда бошед.

муњлати ќонунии будубош дар ФР-ро ба муддати беш аз 180 то 270 шабонарўз вайрон карда бошед.

аз замони пештар рондан ё депортатсия шуданатон аз ФР.

Даромадан ба ФР ба муддати 10 сол манъ аст, агар Шумо:

муњлати ќонунии будубош дар ФР-ро ба муддати беш аз 270 шабонарўз вайрон карда бошед.

! Агар Шумо дар раванди ба ќайд гузоштан дар њисоби муњољират ё ба расмиятдарории љои кор аз хизмати миёнравњо истифода бурда бошед, эњтимоли ќавї аст, ки барои Шумо њуљљатњои ќалбакї (сохта) дода бошанд, ки Шуморо метавонанд аз њаќќи даромадан ба ФР мањрум кунанд.

Барои донистани он, ки Шуморо аз тариќи хадамоти муњољират аз њаќќи даромадан ба Россия манъ кардаанд ё не, ба намояндагињои ширкатњои њавопаймоии Россия, ё ба сайти ГУВМ МВД России мурољиат кунед: http://services.fms.gov.ru/info-service.htm?sid=3000

Бардоштани манъи даромадан (вуруд)

Манъи даромадан ба Россияро бо ин сабабњо бекор карда метавонанд:

- дар њолатњое, ки Шумо исбот карда тавонед, ки бо сабабњои узрнок дар муњлатњои муќарраркардаи ќонун аз Россия баромадан наметавонед – беморї, нигоњубини хешовандони бемор, ё дигар њолатњои фавќулодда;

- дар њолате, ки аъзои оилаи Шумо шањрвандони ФР бошанд (шавњар/зан, фарзандон);


- ба тартиби авф (амнистия)-и муњољирон – шароит ва муњлати он бо созишномаи байни ФР ва давлати муњољирон муайян карда мешавад;


- дар њолате, ки иштибоњи ќарори манъи вуруд исбот шавад;


- бо гузаштани муњлати манъи вуруд;

- њангоми барњам додани сабабњои манъи вуруд.

Барои бекор кардани манъи вуруд ба ФР ба Главное управление по вопросам миграции МВД России (Сарраёсати масъалањои муњољирати ВКД Россия) мурољиат кардан мумкин аст.

Аризаро оид ба дида баромадани сабабњои манъи вуруд ба сайти зерин фиристонидан мумкин аст:

https://мвд.рф/request_main

Манъи вурудро ба воситаи мурољиат ба Главное управление по

вопросам миграции МВД России њал кардан мумкин аст.

Аризаро оид ба дида баромадани сабабњои манъи вуруд ба шакли электронї бо истифода аз шакли дар сайти МВД России:

https://мвд.рф/request_main ё бо мурољиат ба территориальное Управление по вопросам миграции МВД РФ, ки ќарори манъи вуруд ба Россияро баровардааст, дастрас кардан мумкин аст.

Ба ариза њуљљатњои тасдиќкунандаи асоси бекор кардани манъи вурудро замима кардан лозим аст: шањодатномаи таваллуди фарзандон-шањрвандони ФР, шањодатномаи аќди никоњ, маълумотнома дар бораи беморї ва ѓайра.

Аз болои рад кардани ариза оид ба дида баромадани манъи вуруд ба ФР ба суд шахсан ё ба воситаи ваколатдори ќонунї ё адвокат шикоят кардан мумкин аст. Аризаи шикоятї ба суде бояд дода шавад, ки идораи минтаќавии Раёсати масъалањои муњољирати ќарори манъи вурудро бароварда дар њудуди он бошад.

Љавобгарии маъмурї

Шуморо ба маблаѓи 5000-7000 рубл љарима мебанданд ва эњтимол аз ФР меронанд, агар Шумо:

- маълумотномаро оид ба ќайд дар њисоби муњољират (регистратсия)-ро расмї накарда бошед;
- њангоми боздошт аз љониби политсия њуљљатњои заруриро надошта бошед;
- агар дар корти муњољират маќсади сафарро дурўѓ нишон дода бошед;
- агар ба кор бе доштани њуљљатњои зарурї, ё бо ихтисоси дар патент мављуд набуда машѓул бошед;
- њангоми ба ќайди њисоби муњољират гузоштан маълумоти дурўѓ дода бошед,

Љазоро барои њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи муњољират суд муайян мекунад. Дар мурофиаи судї Шумо метавонед аз хизмати химоятгар истифода баред. Бо талаби Шумо бояд тарљумонро даъват кунанд. Ќарори судро бо забони барои Шумо фањмо бояд пешнињод намоянд. Шумо метавонед аз болои ќарори суд дар муњлати дањ рўзи баъди гирифтани ќарори хаттї шикоят кунед.

Рондан аз ФР метавонад бо рафтани мустаќилона аз њисоби шањрванди хориљї бо огоњии УВМ МВД РФ сурат гирад.

Агар Шумо њуљљатњои тасдиќкунандаи шахсият ё сабти ќайд (регистратсия) надошта бошед, ё њуќуќвайронкуниро такроран содир карда бошед, - суд метавонад бо ќарори худ Шуморо ба ЦВСИГ (центр временного содержания иностранных граждан) –маркази нигоњдории муваќќатии шањрвандони хориљї фиристонад.

Агар Шуморо ба ЦВСИГ љой доданд – кўшиш кунед, ки њарчї зудтар њуљљатњои худро барќарор намоед: муњлати нигоњдорї дар ЦВСИГ) то 2 сол давом мекунад, агар муайян кардани шахсияти шањрванди хориљї муяссар нашавад. њатман ба консулгарии кишвари худ робита кунед ё барои гирифтани ёрии бепули њуќуќї ба ташкилотњои љамъиятї мурољиат намоед.

Координатор портала

logopsp

Полезная информация

spb welcome banner