Миграция и мигранты

Межрегиональный информационный портал
migrussia.ru

События

Стоимость платежа по патенту на работу в Санкт-Петербурге в 2020 году составит 4000 рублей в месяц
Подробнее...
Вступили в силу нормы, упрощающие предоставление разрешений на временное проживание и видов на жительство в РФ
Подробнее...
Утверждены новые формы уведомления о постановке на миграционный учет
Подробнее...
"ПСП-фонд" анализирует процессы социальной и культурной адаптации иностранных студентов в Карелии
Подробнее...
"ПСП-фонд" выпустил новые информационные материалы
Подробнее...
Правительство установило квоты на прием мигрантов на работу
Подробнее...

Њангоми ба иљора гирифтани манзил бояд њамеша шартномаи расмї баст. Бе шартнома истиќомат кардан боз хатаре дорад, ки дар ваќти тафтиш Шуморо метавонанд барои вайрон кардани ќоидањои истиќомат дар ФР љарима банданд. Хеле муњим аст, ки љониби ќабулкунанда Шуморо дар суроѓаи зисти воќеї ё љои кор ба ќайд гирад – дар ин њолат Шумо худро аз хавфи вайрон кардани ќоидањои муњољират эмин мегардонед.

Бо розигии шифоњии њамшањриёнатон дар манзили онњо сокин нашавед – аз онњо шартномаи иљора талаб кунед, эњтимод онњо худ иљоранишин ва њаќќи ба иљора доданро надошта бошанд, чунки соњибхона нестанд. Ба соњибхонањо њуљљатњои худро њамчун гарав ё барои нигоњдорї надињед, њељ кас ба ѓайри Шумо њуќуќи нигоњдории шиносномаатонро надорад.

Вариантњои асосии иљораи манзил дар Россия: иљораи мустаќилона ба воситаи агентињои амволи ѓайриманќул; иљораи манзил мустаќиман аз соњибмулкон; љойгиршавї дар хобгоњњои умумї ё манзилњои муваќќатї, аз љумла, бо ёрии кордињанда.

Агар ба Шумо иљораи бе шартнома пешнињод кунанд, хеле хатар дорад: соњиби хона ё миёнарав метавонанд то анљоми муњлати иљора дар њар лањза Шуморо ронанд ва кафолатпулиро њам надињанд!

Соњиби хона бояд њатман Шуморо ба ќайд гирад, яъне, дар бањисобгирии муњољират дар суроѓаи воќеии зист Шуморо гузорад.

Ширкатњои бисёре њастанд, ки дар хобгоњњои коргарон ва њостелњои шањр љой пешнињод мекунанд. Ин ширкатњоро дар интернет ба осонї ёфтан мумкин аст. Пеш аз имзо кардани шартномаи иљора њатман бо шароити зист дар хобгоњ ё њостели мушаххас шинсо шавед.

Координатор портала

logopsp

Полезная информация

spb welcome banner