Миграция и мигранты

Межрегиональный информационный портал
migrussia.ru

События

Стоимость платежа по патенту на работу в Санкт-Петербурге в 2020 году составит 4000 рублей в месяц
Подробнее...
Вступили в силу нормы, упрощающие предоставление разрешений на временное проживание и видов на жительство в РФ
Подробнее...
Утверждены новые формы уведомления о постановке на миграционный учет
Подробнее...
"ПСП-фонд" анализирует процессы социальной и культурной адаптации иностранных студентов в Карелии
Подробнее...
"ПСП-фонд" выпустил новые информационные материалы
Подробнее...
Правительство установило квоты на прием мигрантов на работу
Подробнее...

Агар Шумо ба Россия мардикорї омада бошед, донистани њуќуќ ва уњдадорињоятон хеле муњим аст. Ин имкон медињад, ки аз мушкилот дур бошед.

Маслињатњои оддитарин ба Шумо ёрї медињанд:

- ба тарзи ќонунї (легалї) кор кунед: кори пинњонї (ѓайрилегалї) – вайронкунии ќонун аст. Шумо њатман барои кор бояд шартномаи мењнатї ё шартномаи гражданї-њуќуќї дошта бошед;

- њуќуќњои худро донед: корфармо бояд ба Шумо нусхаи шартномаи мењнатиро бо муњру имзои худ дињад ва музди коратонро сари ваќт пардохт кунад. Агар бо шартнома кор кунед, соњиби њуќуќњои ба рухсатї баромадан, рўзњои истироњат ва пардохти вараќаи корношоямї њангоми беморї мегардед;

 - корфармои худро шиносед: Шумо бояд ном ва суроѓаи ташкилотеро, ки дар он кор мекунед ва мушаххасоти роњбари идора (насабу ном ва телефон)-и онро донед;

- ба миёнравњо мурољиат накунед: эњтиёт шавед – миёнравњо метавонанд Шуморо њамчун ќувваи бепули корї истифода баранд;

- дар бораи миќдор ва шартњои пардохти музди мењнат ќатъиян шарту байъ кунед: Шумо бояд донед, ки бароятон чї ќадар ва барои кадом кор маош медињанд – ин бояд дар шартнома навишта шавад. Шумо маблаѓро ё дар корти бонкї, ё бевосита дар муњосибот шахсан ва бо гузоштани имзо гиред. Шумо њаќ доред, ки аз муњосибот вараќаи њисобї гиред. Агар аз Шумо ќарздор бошанд, аз корфармо забонхат талаб кунед ва онро нигоњ доред;

- њамаи њуљљатњоро пеш аз имзо кардан бодиќќат хонед ва нусхаи онњоро талаб кунед: Шумо њуќуќ доред, агар бо мундариља ва шартњои њуљчатњо розї набошед, ба онњо имзо нагузоред. Агар њуљљат бевосита ба Шумо дахл дошта бошад, ба Шумо бояд нусхаи онро дињанд;

- ба корфармо њуљљатњои худро надињед: њељ кас њуќуќ надорад, ки шиноснома, патенти кор, суѓурта, нусхаи шартномаи мењнатї ва дигар њуљљатњои Шуморо хамчун замонат гирад, гаштугузори Шуморо мањдуд кунад, телефонатонро тасарруф намояд. Агар шиносномаи Шуморо гиранд, ё озодии Шуморо мањдуд кунанд, ин љинояти сахт аст: дар ин њолат ба политсия мурољиат кунед!

- ёрї талаб кунед: агар корфармо њуќуќњои Шуморо поймол кунад, ба Шумо политсия, прокуратура, Ваколатдори њуќуќи инсон, инспексияи мењнат, суд, ташкилотњои љамъиятї ёрї мерасонанд.

Њуќуќњои мењнатии худро чї тавр бояд њимоя кард

Њуќуќњои мењнатии корманд дар Трудовой кодекс РФ (ТК РФ) - Кодекси мењнати ФР (КМ ФР) муайян карда шудаанд.

Њимояи њуќуќ њангоми таъмин бо кор

Шартномаи мењнатиро ба Шумо на дертар аз 3 рўзи оѓози кор бояд дињанд. Муносибатњои мењнатї аз лањзаи оѓози кор сар мешаванд (моддаи 67 ТК РФ - КМ ФР).

Корфармо уњдадор аст, ба њар корманде, ки тибќи шартномаи мењнатї беш аз 5 рўз дар корхонаи ў кор мекунад, дафтарчаи мењнатї кушояд (моддаи 66 ТК РФ – КМ ФР).

Ќабул ба кор бо амри корфармо сурат мегирад. Корманд њуќуќ дорад, нусхаи амрро оид ба ќабул шудан ба кор гирад (моддаи 68 ТК РФ –КМ ФР).

Корфармо уњдадор аст, музди њамаи рўзњои кори корманд ва њаљми корњои иљрошударо, њатто дар сурати байнашон набудани шартнома њам пардохт намояд (моддаи 67.1 ТК РФ – КМ ФР). 

Њимоят аз ќарзкорї (заёмный труд).

Ќарзкорї – аз тарафи корфармо ба ташкилотњои дигар фиристонидани кормандони худ бе даровардани расмиёти муносибатњои мењнатї мебошад. Ќарзкорї дар ФР манъ карда шудааст (моддаи 56.1 ТК РФ – КМ ФР).

Агентињои хусусии шуѓл метавонанд кормандони худро ба дигар ташкилотњо ё шахсони воќеї пешнињод кунанд, аммо дар ин сурат уњдадоранд:

- дар шартномаи мењнатї зикр кунанд, ки корманд дар ташкилоти дигар кор мекунад;

- бо корманд дар њар мавриди фиристониданаш ба ташкилоти дигар шартномаи иловагї банданд.

Агар Шумо ба агентии хусусии шуѓл мурољиат кардед, њатман таваљљуњ кунед, ки њамаи ин шартњо дар шартнома зикр шуда бошанд.

! Ҳамаи агентиҳои хусуси шуғл дар феҳрист (реестр)-и роструд сабт шудаанд – ҳатман тафтиш кунед, корфармои Шумо дар он рӯйхат ҳаст ё не:

https://www.rostrud.ru/opendata/7712345678-chaz!

Њимоят аз ихрољи ѓайриќонунї 

Бе фањмонидани сабабњо аз кор хориљ кардан манъ аст (моддаи 76 ТК РФ – КМ ФР). Хориљ кардан аз кор маънии напардохтани муздро барои давраи пешинаи кор надорад.

Агар шартномаи мењнатї ба охир расида бошад, корфармо уњдадор аст, ки маоши кормандро дар рўзи хориљ шудан ё рўзи дигараш баъди талаби хаттии корманд дар бораи пардохти маош пурра пардохт кунад (моддаи 84.1 ТК РФ, ст. 140 ТК РФ – КМ ФР).

Њангоми хориљ кардани корманд њатман амри хориљшавї дода шуда, дафтарчаи мењнатияш бо навиштаи хориљ шудан ба ў баргардонида шавад.

Њимояи њуќуќ дар њолати таъхир ёфтани пардохти маош

Агар пардохти музди мењнатро бештар аз 15 рўз кашол дињанд, корманд њуќуќ дорад, ки корро то гширифтани маош ќатъ кунад (ќ. 2 моддаи 142 ТК РФ –КМ ФР). Корманд дар ин бора ба корфармо бояд хаттї хабар дињад.

Корфармо барои таъхири музди мењнат ва дигар вайронкунињои падохти маош масъул аст (моддаи 142 ТК РФ-КМ ФР).

Њимоя аз љаримањои ѓайриќонунї

Агар корманд уњдадорињои мењнатии худро иљро накунад, корфармо ба ў метавонад огоњии хаттї дињад, танбењ (выговор) эълон намояд ё бо тартиби муќарраршуда аз кор хориљ кунад (моддаи 192 ТК РФ-КМ ФР).

Љарима барои иљро накардани уњдадорињои мењнатї ѓайриќонунї аст!

Худњимоя 

Корманд метавонад њуќуќњои худро мустаќилона њимоя кунад. Корфармо њуќуќ надорад, ба корманд барои њимояи њуќуќњои мењнатии худ халал расонад, наметавонад ўро дар ваќти бањси мењнатї аз кор хориљ кунад (моддаи 380 ТК РФ-КМ ФР).

Корманд њуќуќ дорад аз корфармо нусхањои шартномаи мењнатї, фармонњо, созишномањои иловагї, вараќањои њисобї ва ѓайраро талаб кунад (моддаи 62 ТК РФ-КМ ФР). Корфармо вазифадор аст, ки ин нусхањоро дар муњлати 3 рўзи кории баъди гирифтани ариза ба корманд дињад.

Ёрии иттифоќи касаба

Њар корманд њуќуќи ба иттифоќи касаба аъзо шудан ва бо ёрии он њимоя кардани њуќуќњои худро дорад.

Назорати давлатии риояи ќонунгузории мењнат

Барои риояи ќонунгузории мењнат инспексияи мењнат ва прокуратура масъул мебошанд (моддањои 353, 356 ТК РФ-КМ ФР).

Управление по вопросам миграции МВД РФ – Раёсати масъалањои муњољирати ВКД ФР метавонад корфарморо барои вайрон кардани ќонун њангоми бо кор таъмин кардани шањрвандони хориљї ба љавобгарї кашад.

Дар њолати ду моњ ва бештар аз он напардохтани музди мењнат Шумо метавонед ба Следственный комитет РФ (Комитети тафтишотии ФР) мурољиат кунед: ба муњлати дароз кашол додани пардохти музди мењнат љиноят аст (моддаи 145.1 Уголовный кодекс РФ – Кодекси љиноятии ФР).

Њимояи судї

Корманд њуќуќ дорад дар муњлати се моњ аз рўзе, ки ў аз поймолшавии њуќуќаш огоњ шудааст, дар масъалаи хориљ шудан аз кор – дар муњлати як моњи баъди ба дасташ додани фармони хориљшавї, ё аз рўзи ба ў додани дафтарчаи мењнатї ба суд мурољиат кунад (моддаи 392 ТК РФ – КМ ФР).

Координатор портала

logopsp

Полезная информация

spb welcome banner