Миграция и мигранты

Межрегиональный информационный портал
migrussia.ru

События

Стоимость платежа по патенту на работу в Санкт-Петербурге в 2020 году составит 4000 рублей в месяц
Подробнее...
Вступили в силу нормы, упрощающие предоставление разрешений на временное проживание и видов на жительство в РФ
Подробнее...
Утверждены новые формы уведомления о постановке на миграционный учет
Подробнее...
"ПСП-фонд" анализирует процессы социальной и культурной адаптации иностранных студентов в Карелии
Подробнее...
"ПСП-фонд" выпустил новые информационные материалы
Подробнее...
Правительство установило квоты на прием мигрантов на работу
Подробнее...

Дар Россия барномаи давлатии мусоидат ба муњољирати ихтиёрии њамватанон амал мекунад. Вазифаи барнома – расондани ёрї ба њамватанон ва ањли оилаи онҳо дар ташкили бозгашт ва љойгиршавї дар Россия, таъмини љои корї, гирифтани хизматҳои давлатї ва шањрвандии ФР мебошад.

Ҳамватанон инҳо мебошанд:

1) шахсоне, ки берун аз ҳудуди Федератсияи Россия зиндагӣ мекунанд, вале ихтиёран робитаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро бо Федератсияи Россия интихоб кардаанд;

2) наслҳои ононе, ки пештар дар ҳудуди Федератсияи Россия истиқомат кардаанд, аз ҷумла:

- шахсоне, ки шаҳрванди СССР буданд ва ҳоло дар давлатҳои собиқ СССР зиндагӣ карда, шаҳрвандии ин давлатҳоро гирифтаанд;

- зодагон (эмигрантҳо) аз Империяи Россия, Ҷумҳурии Россия, РСФСР, СССР ва Федератсияи Россия, наслҳои онҳо, ки шаҳрвандони хориҷӣ шудаанд.

Дар барномаи давлатӣҳамватанони коршоям (мукаллаф)-и аз 18-сола, ки забони русиро медонанд, доимӣ дар хориҷа зиндагӣ мекунанд ё доимӣ ва муваққатӣ дар Федератсияи Россия дар асоси қонунӣ зиндагӣ мекунанд, инчунин паноҳгоҳи муваққатӣ дар Федератсияи Россия гирифтаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.Ҳамроҳи ҳамватанон дар барнома аъзои оилаи ҳамватанон шавҳар/зан, бачаҳо, бародарону хоҳарони ҳамхун, набераҳо, бобоҳо ва бибиҳо, волидон, хоҳарзодаву додарзодаҳои ҳамтан иштирок карда метавонанд.

Ба ҳамватане, ки иштирокчии Барномаи давлатӣ шудааст, шаҳодатномаи намунаи муқарраркардаи Ҳукумати Федератсияи Россия ба муҳлати се сол дода мешавад.Аъзои оилаи ҳамватан мақоми аъзои оилаи иштирокчии Барномаи давлатиро мегиранд.

! Агар ба Шумо вуруд ба ФР манъ ё маҳдуд карда шуда бошад, иштирокатон дар Барномаи давлатӣ манъ аст!

Иштирокчии Барномаи давлатӣ бояд ҷои истиқомат, фаъолияти фермерӣ ё соҳибкорӣ, кор ё таҳсил дар ҳудуди муҳоҷират дар яке аз 76 минтақаи ФР интихоб кунад.Иштирокчии Барномаи давлатӣ бояд ҷои истиқомат интихоб кунад. Дар ҳамаи ин минтақаҳо барномаи худии мусоидат ба муҳоҷирати ҳамватанон амал мекунад, ки ҳудудҳои минтақавии муҳоҷират, шароити иштирок ва талаботро ба муҳоҷирон, имтиёз ва ҷубронҳоро тасдиқ кардааст.

Дастгирии бештар барои муҳоҷирон дар ҳудудҳои афзалиятноки муҳоҷират муқаррар карда шудааст. Ба ин ҳудудҳо дохил мешаванд: ҷумҳуриҳои Бурятия ва Якутия, кишварҳои Забайкал, Камчатка, Приморя, Хабаровск, вилоятҳои Амур, Магадан, Сахалин, Иркутск, вилояти автономии Еврейск.

! Дар барнома иштирок намекунанд: Санкт-Петербург, Москва, Севастопол, вилоятҳои Москва ва Белгород, ҷумҳуриҳои Олтой ва Тыва, округи автономии Чукотка.

Муҳоҷирон ҳуқуқ доранд:

- ба гирифтани иҷозат ба истиқомати муваққатӣ ва баъдан гирифтани иҷозати истиқомат ва шаҳрвандии ФР бо тартиби афзалиятноки содда – дар муддати 10-13 моҳ.
-
бе гирифтани патент дар ФР ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан;
-
ба пардохти андози 13%-а аз даромади шахсони воқеӣ аз рӯзи якуми дар ҳудуди ФР ба кор сар кардан;

- ба дастрасии бепул ба хизматрасонии маориф, тиббӣ ва ёрии иҷтимоӣ, хизматҳои марказҳои шуғли аҳолӣ (ҳангоми гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ ва доимӣ дар ФР);

- ба кумакпулии ҳармоҳа барои бекорӣ то гирифтани шаҳрвандии ФР;
-
ба гирифтани кумакҳои махсуси дастгирӣ ва ҷубронҳои федералӣ ва минтақавӣ барои иштирокчиёни барнома.

Дастгирии муҳоҷирон аз инҳо иборат аст:


1)
ҷуброни хароҷоти кӯчидан ба ҷои истиқомат бо нақлиёти мусофиркашон;

2) ҷуброни хароҷот барои кашондани амволи шахсӣбо нақлиёти баҳрӣ ё роҳи оҳан;

3) ҷуброни хароҷоти боҷи давлатӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳои мақоми муҳоҷир;
4)
ҷуброни пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо барои овардани амволи шахсӣ аз кишвари омада.


!
Ҷубронҳоро раёсатҳои минтақавии масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия тибқи хароҷоти воқеии ҳуҷҷатан тасдиқшуда баъди қайди оила дар ҷои нави истиқомат пардохт мекунанд!

5) бастаи иҷтимоии иштирокчии барнома (хизматҳои кӯдакистонҳои давлатию мунитсипиалӣ, муассисаҳои таълимӣ, хизмати иҷтимоӣ, тиббӣ ва шуғл);

6) пардохтҳои муҳоҷирӣ («подъемные выплаты») – кӯмаки яквақта барои ҷобаҷошавӣ.

Тартиб ва миқдори пардохтҳои ҷобаҷошавӣ дар ҳудудҳои афзалиятноки муҳоҷират:

- ҳамоно баъди кӯчида омадан ва дар қайди ҷои омада ё истиқомат гузоштан (регистратсия) ёрдампулӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор рубл ба иштирокчии барномаи давлатӣ ва 70 ҳазор рубл барои ҳар аъзои оилаи иштирокчӣ дода мешавад.

-баъди 18 моҳ аз рӯзи дар ҷои омада ё ҷои истиқомат ба қайд мондан (регистратсия) ёрдампулӣ ба миқдори 90 ҳазор рубл ба иштирокчии барномаи давлатӣ ва 50 ҳазор рублӣ ба ҳар аъзои оилаи иштирокчӣ дода мешавад.

- дар ҳолати истиқомати муваққатӣ ё доимӣ дар ҳудуди мазкур то иштирок дар барномаи давлатӣ ёрдампулиҳо ба иштирокчии барнома 50 ва 30 ҳазор рубл, ба ҳар аъзои оилаи ӯ – 25 ва 15 ҳазор рублро мутаносибан дар марҳилаҳои якуму дуюм ташкил медиҳанд.

Дар субъектҳои дигари Федератсияи Россия, ки дар барномаи давлатӣ иштирок мекунанд, кумакҳои яквақта барои ҷобаҷошавӣ — 20 ҳазор рубл ба иштирокчии барномаи давлатӣ ва 10 ҳазор рубл ба ҳар аъзои оилаи иштирокчии Барномаи давлатиро ташкил мекунанд.

!Дар барномаҳои давлатии минтақавии субъектҳои ФР ёрдампулиҳои иловагӣ ва махсус, чораҳои дастгирӣ ва кумакҳои ҷобаҷошавӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар бораи онҳо ба таври иловагӣ маълумот гирифтан лозим аст.!

Дар барномаи муҳоҷирати ҳамватанон чӣ тавр иштирок кардан мумкин аст

  1. 1)Интихоби минтақаи муҳоҷират ва шинос шудан бо талаботи барномаи минтақавӣ

Дар аксарияти минтақаҳои ФР шарти асосии иштирок дар барномаи муҳоҷират таъмини кор дар ҳудуди минтақа аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ ва мутахассисони касбӣ мебошад, дар ин ҳолат иштирокчии барнома мутахассиси 18-65-сола бояд бошад.

  1. 2)Ҷойи истиқомат, кори мувофиқи ихтисос ёфта, бо ҷониби қабулкунанда (кордиҳанда) шартнома бастан даркор аст.
  1. Гирифтани њуљљати иштирокчии барномаи давлати

Шаҳодатномаи иштирокчии Барномаи давлатиро ҳам берун аз ҳудуди Федератсияи Россия, ҳам дар ҳудуди Россия гирифтан мумкин аст.

Ҳамватаноне, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, ба ин суроғаҳо муроҷиат менамоянд:

- намояндагии ГУВМ МВД РФ дар хориҷа;

- намояндагиҳои дипломатиии Федератсияи Россия дар давлатҳои хориҷӣ (шуъбаҳои консулии сафоратҳои Россия дар хориҷа) ва муассисаҳои консулии ФР.


Ҳамватаноне, ки ба таври муваққатӣ ва доимӣ дар ФР зиндагӣ мекунанд, ё дар Россия паноҳгоҳи муваққатӣ гирифтаанд, метавонанд ба мақомоти ҳудудии Главного управления по вопросам миграции МВД РФ дар субъекти Федератсияи Россия, ки дар татбиқи Барномаи давлатӣ иштирок мекунад, муроҷиат менамоянд.

Барои гирифтани шаҳодатнома ариза дар бораи иштирок дар барномаи давлатӣ пешниҳод кардан лозим аст. Шакли аризаро дар сайти АИС «Соотечественники»: http://aiss.gov.ru/questionary.phpё дар замима барои Android «МигрАзиЯ+» дастрас кардан мумкин аст.


Ҳангоми супурдани ариза асл ва нусхаҳои ба забони русӣ тарҷума ва аз ҷиҳати нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои зерини иштирокчӣ ва аъзои оилаи ӯро замима кардан даркор аст:

- акси аризадиҳанда 35х45 мм. (сиёҳу сафед ё ранга);

- шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуд;
-
ҳуҷҷатҳо дар бораи авзои оилавӣ;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дар бораи тайёрии касбӣ, собиқаи корӣ;

- дигар маълумоте, ки шахсият, малакаи касбӣ ва маҳоратро тасдиқ мекунанд.

- ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо дар ҳудуди ФР инчунин асл ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомати доимӣ ва муваққатӣ, шаҳоданомаи паноҳандагии муваққатӣ дар ҳудуди ФР-ро пешниҳод кардан зарур аст.


Омадан ба минтақаи интихобкарда ва риоя кардани шартҳои барномаи давлатӣ

Иштирокчиёни барномаи давлатї чунин уњдадорињо мегиранд: истиќомат, омўзиш ё машѓул шудан ба кор дар субъекти интихобкардаи ФР дар муњлати муайяни созишшуда. Дар бораи иљрои ин уњдадорињо њар сол бояд ба Раёсати њудудии Управление по вопросам миграции МВД Россиињисобот дињанд.

! Дар њолати кўчидан ба макони зисти доимї аз субъекти муайянкардаи барномаи давлатї дар муддати камтар аз 3 соли ба ќайд мондан дар маќоми њудудии ВКД Россия ба сифати иштирокчии Барномаи давлатї ва (ё) аъзои оилаи ў муњољирон њамаи харољоти сарфкардаи давлатро барои дастгирии онхо пардохт мекунанд!

Муфассал дар бораи барномаи давлатӣ дар минтақаҳои ФР аз ин сайтҳо маълумот гирифтан мумкин аст:

Пакети расмии Барномаи давлатии ВКД ФР - Официальный информационный пакет Государственной программы МВД РФ

мвд.рф/mvd/structure1/Glavnie_upravlenija/guvm/compatriots/information-pack

Намояндагињои ВКД Россия дар хориља - Представительства МВД России зарубежом: mеdia.mvd.ru/files/embed/1599750

Намояндагињо ва консулгарињои ВКХ Россия дар хориља - Представительства МИД России и консульства РФ: www.mid.ru/ru/maps/

gosuslugi.ru – Пойгоњи расмии интернетии хизматрасонињои давлатї - Официальный интернет-портал государственных услуг

гувм.мвд.рфСайти расмии Сарраёсати масъалањои муњољирати ВКД Россия - Официальный сайт Главного управления по вопросам миграции МВД РФ

www.aiss.gov.ruПойгоњи «Соотечественники»: сайти барномаи давлатии мусоидат ба муњољирати њамватанон ба ФР - сайт государственной программы переселения соотечественников в РФ

www.ruvek.ru – Пойгоњ барои њамватанони россиягии ВКХ ФР - портал для российских соотечественников МИД РФ

www.back2russia.net - Интернет-форум переселенцев в Российскую Федерацию

migrussia.ruМиграция и мигранты: информационный портал (информация о госпрограммах переселения в регионах России)

Координатор портала

logopsp

Полезная информация

spb welcome banner