Миграция и мигранты

Межрегиональный информационный портал
migrussia.ru

События

Стоимость платежа по патенту на работу в Санкт-Петербурге в 2020 году составит 4000 рублей в месяц
Подробнее...
Вступили в силу нормы, упрощающие предоставление разрешений на временное проживание и видов на жительство в РФ
Подробнее...
Утверждены новые формы уведомления о постановке на миграционный учет
Подробнее...
"ПСП-фонд" анализирует процессы социальной и культурной адаптации иностранных студентов в Карелии
Подробнее...
"ПСП-фонд" выпустил новые информационные материалы
Подробнее...
Правительство установило квоты на прием мигрантов на работу
Подробнее...

Шартномаи меҳнатӣ – созишномаи байни корманд ва кордиҳанда аст, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайнро (дар асоси моддаҳои 15, 16, 56 КГ ФР) муқаррар мекунад.

Шумо ҳатман як нусхаи шартномаи меҳнатиро, ки кордиҳанда ба он имзо гузоштааст, бо худ гиред.

Дар шартномаи меҳнатӣҳатман нишон дода мешаванд (мувофиқи мод. 57 КМ ФР):

- насаб, ном, номи падар, маълумотҳои шиносномаи корманд;

- насаб, ном, номи падар, ном ва суроғаи ҳуқуқии кордиҳанда;

- вазифа ва уҳдадориҳои меҳнатии корманд;

- ҷои кор суроғаи воқеии ташкилот;

- санаи оғози кор, муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ;

- шароити пардохти музди меҳнат, миқдори музди меҳнат, маош, иловапулиҳо;

Андозаи музди корманди шуѓли пурра набояд аз андозаи музди минималии кор кам бошад - ба 1 июли с. 2019 музди њармоњаи минималии маош дар Россия 11200 рубл,дар Санкт-Петербург - 18000 рубл, дар вилояти Ленинград области – 12000 рубл, дар вилояти Москва – 14200 рубл, дар Москва – 19321 рубл мебошад.

- тартиб ва муҳлатҳои пардохти музди меҳнат;

- реҷаи вақти корӣ;

Давомнокии рӯзи корӣ аз 8 соат, ҳафтаи корӣ аз 40 соат набояд зиёд бошад. Барои кори берун аз ин муҳлат иловапулиҳо таъин карда мешаванд (мувофиқи моддаҳои 152, 153 ва 154 КМ ФР).

- шартҳои суғуртаи ҳатмии иҷтимоии корманд – рухсатии ҳарсолаи музднок (на кам аз 28 рӯзи корӣ), пардохти беморӣ(дар ҳолати касалӣ) ва суғуртаи ҳодисаҳои нохуш (моддаҳои 115, 183, 327.3 КМ ФР);


- имконияти иҷрои корҳо дар ташкилоти дигар.


Њимоят аз ќарзкорї (заёмный труд).

Ќарзкорї – аз тарафи корфармо ба ташкилотњои дигар фиристонидани кормандони худ бе даровардани расмиёти муносибатњои мењнатї дар ФР манъ карда шудааст (моддаи 56.1 ТК РФ – КМ ФР).

Танҳо агентињои хусусии шуѓл метавонанд кормандони худро ба дигар ташкилотњо ё шахсони воќеї пешнињод кунанд, аммо дар ин сурат уњдадоранд:

- дар шартномаи мењнатї зикр кунанд, ки корманд дар ташкилоти дигар (тарафи сеюм) кор мекунад;

- бо корманд дар њар мавриди фиристониданаш ба тарафи сеюм шартномаи иловагї банданд.

Агар Шумо ба агентии хусусии шуѓл мурољиат кардед, њатман таваљљуњ кунед, ки њамаи ин шартњо дар шартнома зикр шуда бошанд.

Кордиҳанда уҳдадор аст (мувофиқи мод. 22 КМ ФР):

- бе таъхир ва бе каму кост маоши Шуморо диҳад;

- ҷои кори мувофиқ ба меъёрҳои бехатарии меҳнат таъмин кунад;

- муҳлати будубоши муваққатии Шуморо дар минтақаи ФР дар муҳлати амали патенти кор дароз кунад;

- ба Шумо дар бораи қоида ва тартиботи махсуси дар ташкилот қабулшуда маълумот диҳад;

- дар ҳолати осебёбии истеҳсолӣ ва ҳодисаи нохуш зарари ба Шумо расидаро ҷуброн кунад;

- ба табъйизи кормандони хориҷӣ дар вақти раванди меҳнатӣ роҳ надиҳад.

 

Шумо вазифадоред:

- шартҳои шартномаи меҳнатиро бовиҷдонона иҷро кунед;

- дар бораи аз кор рафтанатон 14 рӯз пешакӣ ба таври хаттӣ кордиҳандаро огоҳ кунед;

- ба қоидаҳои тартиботи меҳнатӣ ва техникаи бехатарӣ риоя кунед;

- ба амвол ва асбобҳои кордиҳанда эҳтиёткорона муносибат кунед;

- дар бораи пайдо шудани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон хатар доранд, ба кордиҳанда хабар диҳед;

- дар омода кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, тиббӣ, полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ фаъолона иштирок кунед;

 

Шумо ҳуқуқ доред (мувофиқи мод. 21 КМ ФР):

- аз иҷрои корҳои ба ҳаёт ва саломатӣ хатарнок даст кашед;

- талаб кунед, ки ба Шумо нусхаҳои шартномаи меҳнатӣ, варақаҳои ҳисобӣ, дигар маълумотномаҳоро оид ба муҳлат ва миқдори музди кор дар муҳлати то 3 рӯзи корӣ диҳанд;

- барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба Нозироти давлатии меҳнат, прокуратура ва суд муроҷиат кунед.

Мутобиқи қонунгузории меҳнат Шумо ҳуқуқ доред, ки ба суд то ба охир расидани 3 моҳ аз замони надодани музди меҳнататон ё бекор кардани шартномаи меҳнатии Шумо муроҷиат кунед. Бодиққат бошед ва дар ҳолати зарурат ба суд сари вақт муроҷиат кунед (мод. 392 КМ ФР).


Хулосаи шартномаи ҳуқуқии гражданӣ

 

Шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣҳангоми кортаъминкунӣ – созишномаи хизматрасонӣ мебошад. Чунин шартномаро ҳам бо шахси воқеӣ ва ҳам бо ташкилот бастан мумкин аст. Мисолҳо барои чунин шартномаҳо: шартномаи пудрати сохтмонӣ, дар бораи хизматрасонӣ ва ғайра. Мувофиқи ин шартнома Шумо маош не, мукофот барои кори худ, вобаста аз ҳаҷми иҷрои онро мегиред.

Агар Шумо ба шартҳои шартнома розӣ набошед, имзо нагузоред: Шумо иштирокчии баробарҳуқуқи ин шартнома ҳастед ва метавонед шартҳои худро пеш гузоред!

Аксар вақт ширкатҳои аутсорсингӣ (масалан, оид ба ташкили меҳнати фаррошон, ҳавлирӯбон, коргарони ёрирасон) бо муҳоҷирон чунин шартномаҳои ҳуқуқии шаҳрвандиро истифода мебаранд, ки кормандони худро ба кордиҳандагони дигар ба иҷора медиҳанд: ба сохтмонҳо, гипермаркетҳо ва ғ..

Шумо бояд як нусхаи шартномаи ҳуқуқии имзокардаи кордиҳандаро барои худ гиред.

Дар шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ бояд инҳо нишон дода шаванд:

- насаб, ном, номи падар, маълумотҳои шиносномаи корманд;

- насаб, ном, номи падар, ном ва суроғаи ҳуқуқии кордиҳанда;

- ҷои кор суроғаи воқеии ташкилот;

- санаи оғози кор, муҳлати иҷрои кору хизматрасониҳо;

- ҳаҷми корҳо;

Диққат диҳед, ки ҳаҷми кор аниқ нишон дода шуда бошад – аз ҳаҷми кор мукофоти Шумо вобаста аст.

- шароит, реҷаи кор ва андозаи мукофот;

Ҳатман ба шартҳои мушаххаси пардохти мукофот диққат диҳед – онҳо метавонанд аз муҳлат, сифат ва ҳаҷми кори иҷрошуда вобаста бошанд ва бо дигар шартҳои иловагӣ муайян карда шаванд.

- тартиб ва муҳлатҳои пардохти мукофот;

- уҳдадориҳо ва масъулияти кордиҳанда – масалан, муҳайё кардани асбобҳои корӣ ва ғ.;

- уҳдадориҳо ва масъулияти корманд;

- имзо ва муҳри кордиҳанда, имзои корманд;

- шумораи тартибӣ ва санаи имзои шартнома.

Иҷрои шартҳои шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва адои хизматрасонӣ бо санад дар бораи супурдану қабул кардани корҳои иҷрошуда, ки дар он корманд ва кордиҳанда иҷрои корҳо ва гирифтани мукофотро тасдиқ мекунанд ва нисбати ҳамдигар эътироз надоштанашонро баён менамоянд, тасдиқ карда мешавад. Санад дар 2 нусха таҳия ва имзо мешавад – яке барои кордиҳанда, дигаре барои корманд.

Баъзан санади супурдану қабул кардани корҳои иҷрошуда ва хизматрасонӣ аз тарафи кордиҳанда бо матни шартномаи меҳнатӣ омехта карда мешавад. Бодиққат бошедто мукофотро нагиред, ба санади супурдану қабул кардан имзо нагузоред.

Ба ёд доред – шартҳои шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ набояд хилофи қонунгузории Россия бошанд! Кордиҳанда ҳақ надорад, ки Шуморо ба иҷрои кор маҷбур кунад, ҷарима бандад, мукофотро надиҳад, меъёрҳои техникаи бехатариро ҳангоми ташкили меҳнат таъмин накунад, Шуморо бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ба кор қабул кунад. Дар ҳамаи ҳолатҳое, ки дар шартнома зикр нашудаанд, кордиҳанда бояд мувофиқи қонунгузории ФР, аз ҷумла қонунҳои меҳнат амал кунад.

Аксар вақт ҳангоми бастани шартнома кордиҳандагон кӯшиш мекунанд, ки худро аз замонат ва уҳдадориҳо дар назди кормандон халос кунанд. Бодиққат бошед – агар Шумо дар ташкилот доимӣ дар ҳамон як вазифа кор мекунед, бо Шумо бояд маҳз шартномаи меҳнатӣ баста шавад.

Шумо ҳуқуқ доред:

- аз иҷрои корҳои ба ҳаёт ва саломатӣ хатарнок даст кашед;

- талаб кунед, ки ба Шумо нусхаҳои шартномаи меҳнатӣ, варақаҳои ҳисобӣ, дигар маълумотномаҳоро оид ба муҳлат ва миқдори музди кор дар муҳлати то 3 рӯзи корӣ диҳанд;

- барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба Нозироти давлатии меҳнат, РММ ВКД ФР, прокуратура ва суд муроҷиат кунед.

Координатор портала

logopsp

Полезная информация

spb welcome banner