Миграция и мигранты

Межрегиональный информационный портал
migrussia.ru

События

Стоимость платежа по патенту на работу в Санкт-Петербурге в 2020 году составит 4000 рублей в месяц
Подробнее...
Вступили в силу нормы, упрощающие предоставление разрешений на временное проживание и видов на жительство в РФ
Подробнее...
Утверждены новые формы уведомления о постановке на миграционный учет
Подробнее...
"ПСП-фонд" анализирует процессы социальной и культурной адаптации иностранных студентов в Карелии
Подробнее...
"ПСП-фонд" выпустил новые информационные материалы
Подробнее...
Правительство установило квоты на прием мигрантов на работу
Подробнее...

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Украинабарои қонунан машғул шудан ба кор дар назди шахсони ҳуқуқӣ (дар ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ), инчунин шахсони воқеӣ (масалан, соҳибони хонаҳои хусусӣ ва ғ.) гирифтани патенти кор зарур аст.


! Фаъолияти кор бе патент манъ аст ва бо ҷаримаи аз 5000 то 7000 рубл бо рондан аз ҳудуди ФРҷазо дода мешавад.

!Аз шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё (Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон), гирифтани патенти кор талаб карда намешавад. Шартномаҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандӣ-ҳуқуқии онҳо асоси дароз кардани муҳлати будубоши муваққатии онҳо дар ҳудуди ФР шуда метавонанд.

Дар ёд доред: дар Россия танҳо баъди расидан ба 18-солагӣ кор кардан ва патент гирифтан мумкин аст!

Дар њар минтаќа танњо як ташкилоте њаст, ки њуљљатњоро барои омода кардани патент ќабул мекунад:

дар ш. Москва – Многофункциональный миграционный центр

дар вилояти Москва – Единый миграционный центр Московской области

дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград – ФГУП «Паспортно-визовый сервис» МВД России.

Дар ФРмиёнаравҳои бисёре (ташкилотҳо ва шахсони алоҳида), барои гирифтани патент ёрии пулакӣ пешниҳод мекунанд. Аз онҳо эҳтиёт кунед, ба доми фиреб наафтед:

- аз шахсони хусусӣҳамшаҳриён, саркорҳо, миёнаравҳо, ҳатто шиносатон бошанд ҳам, ёрӣ наталабед, аксар вақт ҳамонҳо ҳуҷҷатҳои қалбакиатон медиҳанд;

- агар барои ёрӣ ба ташкилоти миёнарав муроҷиат намоед, ҳатман барои хизматрасонӣ шартнома бандед. Ин шартномаҳоро бо диққат хонеддар онҳо ҳатман бояд номгӯи хизматрасонӣ (мусоидат ба тайёр кардан ва супурдани ҳуҷҷатҳо ба РММ РШ ВКД ФР дар СПб ва вилояти Ленинград), нархи хизматҳо, масъулияти ташкилот барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ нишон дода, бо муҳри корхона ва имзои менеҷер тасдиқ шуда бошанд;

- то ҳуҷҷатҳои худро нагиред, ба санадҳои хизматрасонӣ имзо нагузоред. Ҳушёр бошед, ки чунин санадҳоро метавонанд дар матни шартномаи асосӣ илова кунанд;

- ҳангоми пардохти хизмати миёнаравон ҳатман чек талаб кунед, киаз тарафи ташкилоти миёнарав гирифтани пули Шуморо тасдиқ кунад. Диққат диҳед, ки ҷамъи маблағ дар чек дуруст навишта шавад;

- ҳатто ҳангоми ба миёнаравҳо ҳам муроҷиат кардан, Шумо вазифадоред, ки шахсан худатон аз муоинаи тиббӣ, санҷиши забони русӣ, таърих ва қонунгузорӣ гузаред.Ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо ба хадамоти шиноснома-раводидӣ шумо бояд изи ангуштонро супоред ва акс гиред.Агар миёнарав ин чизҳоро талаб накунад, пас бидонед, ки ӯ фиребгар аст;

- ягон ташкилот ё шахси хусусӣҳуқуқ надорад, ки ба ҷои Шумо ҳуҷҷат гирад.Шумо бояд барои гирифтани њуљљатњо аз шуъбањои УВМ МВД РФ Шумо бояд ШАХСАН њозир шавед.

Патенти кор танњо дар он минтаќае амал мекунад, ки Шумо онро аз он љо гирифтаед!

Муҳлати супурдани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патенти кор 30 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба ФР аст. Вайронкунии муҳлати таҳияи патент ба андозаи аз 10000 то 15000 рублҷарима баста мешавад.

Дар патент ихтисоси шаҳрванди хориҷӣ мутобиқи Таснифоти умумироссиягии тахассусҳо нишон дода мешавад.

Патент ҳуқуқи будан дар ҳудуди минтаќаи Шумодар муддати амали он ва кор кардан мувофиқи ихтисоси дар он нишондодаро дар назди ҳар кадом кордиҳанда ҳам шахсони воқеӣ, ҳам ташкилотҳо дар ҳамаи нуқтаҳои ин минтақа медиҳад.

Кор бо ихтисоси дар патент нишон доданашуда ба андозаи аз 5000 то 7000 рублҷарима ва бо рондани маъмурӣ аз ҳудуди ФР ҷазо дода мешавад (мод. 18.10 КоҲМ ФР).(дарМосква патент гирифта, бо њар гуна ихтисос кор кардан мумкин аст).

Барои гирифтани патент пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо зарур аст:

- ариза дар бораи гирифтани патент (варақаи ариза ва намунаи пур кардани онро аз шуъбаҳои Раёсати масъалаҳои муҳоҷирати РШ ВКД Россия ё аз сайти зерин гирифтан мумкин аст:www.78.мвд.рф/ms);

- шиноснома ва нусхаи шиноснома,

- акси 3х4 ранга дар когази беҷило;

- тарҷумаи ба тарзи нотариалӣ тасдиқшудаи шиноснома ба забони русӣ – аз идораи нотариалие, ки тарҷумон дорад, гирифта мешавад;

- маълумотномаи бақайдгирии муҳоҷират (регистратсия) ва нусхаи он;

- корти муҳоҷират бо ишораи мақсади “кор” бо муҳри воридшавӣ ва нусхаи он;

- хулосаи тиббӣ ва сертификат дар бораи гирифтори бемории нашъамандӣ ва сироятии барои атрофиён хавфнок набудан ва надоштани сирояти ВИЧ дар муассисаи махсуси тиббӣ баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ дода мешавад;

Шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, ки “хулосаи тиббӣ дар бораи мувофиқати касбӣ барои иҷрои корҳои мефармуда” – маълумотномаи шакли 086-ро, ки дар Тоҷикистон дода мешавад, пешниҳод кунанд.

- полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС - СИТ) барои шаҳрвандони хориҷӣ;

- њуљљати тасдиќкунандаи донистани забони русї, таърихи Россия ва асосњои ќонунгузории Федератсияи Россия: нусхаи аслии њуљљат дар бораи хатми муассисаи тањсилот дар њудуди СССР то 01.09.1991 ё дар њудуди Россия баъди 01.09.1991, ё сертификат дар бораи гузаштан аз тести донистани забони русї, таърихи Россия ва асосњои ќонунгузории Федератсияи Россия.

Барои фањмидани санљиши тестї ва мустаќилона тайёр шудан ба он сайти «Российский тестовый консорциум» testcons.ruёрї мерасонад. Шумо метавонед аз санљиши озмоишї гузаред ва сатњи донишатонро муайян намоед.

- квитансия (расид)-и пардохти маблаѓи патент (НДФЛ).

Дар бораи ќонунї будани патенти кор Шумо аз сайти расмии Управления по вопросам миграции ГУ МВД России: https://гувм.мвд.рф в разделе «Сервисы по вопросам миграции» - «Проверка действительности разрешений на работу и патентов на осуществление трудовой деятельности иностранными гражданами и лиц без гражданства» маълумот гирифта метавонед.

Пардохти маблаѓи андози патент (НДФЛ) дар њар минтаќа гуногун аст, масалан, ба миќдори 5000 рубл дар ш. Москва, 4750 рубл дар вилояти Москва, 3800 рубл дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград. Маблаѓро дар њар шуъбаи бонк бо реквизитњои ГУ МВД Россия гузаронидан мумкин аст.

Маблағи пардохт дар минтақаҳои ФР аз ҳам фарқ мекунад ва ҳар сол аз ҷониби ҳукуматҳои минтақаҳо муқаррар карда мешавад – бодиққат бошед ва аз тағйирот бехабар намонед!

Бастаи ҳуҷҷатҳои барои гирифтани патент заруриро танҳо ШАХСАНсупурда метавонед.

Муњлати тайёр кардани патент 10 рўзи корї мебошад.

Дар асоси патенти гирифта, дароз кардани муҳлати қайди муҳоҷират – муҳлати амали регистратсия зарур аст.

Барои кор бо патент Шумо бояд маблағи фиксалии пешпардохти андоз (НДФЛ)-ро барои ҳар моҳи ояндаи кор пардохт намоед.

Ҳангоми пардохти НДФЛ патент ба таври автоматӣ ба муҳлати пардохтшуда дароз карда мешавад. Дар ҳолати сари вақт пардохт нашудан муҳлати амали патент аз рӯзи якуми таъхир қатъ карда мешавад.

Таваччуҳ кунед – ҳисоби моҳҳо аз санаи гирифтани патенти кор сар мешавад, ки дар ҳуҷҷат нишон дода шудааст.

Маблағ на дертар аз 1 рӯз то анҷоми моҳи пардохтшудаи кор гузаронида мешавад: масалан, патенти кори 13 март додашуда, ки муҳлати амалаш 12 апрел ба охир мерасад, бояд на дертар аз 11 апрел барои муҳлати аз 13 апрел то 12 май пардохт карда шавад.

Пардохти андози кор бо патентро аз санаи гирифтани патенти кор ҳармоҳа, чандмоҳа, ҳам якбора барои то 12 моҳ пешпардохт кардан мумкин аст.

Ҳатман реквизитҳо ва чекҳои тасдиқкунандаи пардохтҳоятонро бо худ нигоҳ доред.

Дар муҳлати 2 моҳи баъди гирифтани патент Шумо бояд нусхаи шартномаи меҳнатиятонро бо кордиҳанда ба РММ РШ ВКД ФР дар минтақаиШумо бо мактуби фармоишӣ бо огоҳ кардани баъди қабул фиристонед ё шахсан дастрас кунед, вагарна патенти Шуморо ғайриамал эътироф мекунанд!

Баъди анҷоми муҳлати патент бояд аз ҳудуди ФР равед ё онро аз нав дароз кунед.

Барои аз нав сабт кардани патент ба ФГУП «Паспортно-визовый сервис МВД России» (КВД Хадамоти шиносномаю раводиди ВКД Россия) на дертар аз 10 рӯзи кориито ба охир расидани муҳлати патент бо чунин ҳуҷҷатҳо муроҷиат кунед: шиносномаи хориҷии боз на камтар аз 1 сол амалкунанда, патенти амалкунанда, расид (квитансия)-и пардохти маблағи пардохт барои 12 моҳ, корти муҳоҷират, шартномаи меҳнатӣ бо ризоятнома (ходатайство)-и кордиҳанда. Патенти корро на зиёда аз 1 маротиба ва ба муҳлати на бештар аз 1 моҳ дароз кардан мумкин аст.

Агар Шумо бо шахси воқеӣ кор кунед, ба аризаи худ дар бораи дароз кардани муҳлати патент маълумотномаро оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахси воқеӣ ва ризоятнома (ходайство)-и кордиҳандаатонро замима кунед.

Патенти корро танҳо як маротиба ба муҳлати аз 1 то 12 моҳ дароз кардан мумкин аст.

Муфассалан дар бораи тартиби дароз кардани муњлати патенти кор аз ин сайти расмї маълумот гиред guvm.mvd.ru


Дар сурати гум ё вайрон шудани патентШумо метавонед ба шуъбаи РММ РШ ВКД ФР бо ариза барои гирифтани нусхаи дуюм (дубликат)-и он муроҷиат кунед. Ба ариза шиноснома ва нусхаи он, корти муҳоҷират, расидро оид ба пардохти НДФЛ (патент) замима кардан зарур аст.

Координатор портала

logopsp

Полезная информация

spb welcome banner