Миграция и мигранты

Межрегиональный информационный портал
migrussia.ru

События

Сервисы, которыми можно воспользоваться в связи с распространением коронавирусной инфекции Covid-19.
Подробнее...
Вступил в силу Указ Президента Российской Федерации, касающийся изменений в порядке приобретения гражданства РФ
Подробнее...
Распоряжением Правительства от 27 марта 2020 г. № 763-р ограничено передвижение через государственную границу Российской Федерации
Подробнее...
Важная информация для иностранных граждан и их работодателей
Подробнее...
Благотворительный фонд "ПСП-фонд" проводит Межрегиональный конкурс лучших практик в сфере развития межнационального диалога в Российской Федерации
Подробнее...
Благотворительный фонд "ПСП-фонд" проводит Межрегиональный конкурс историй успешной адаптации мигрантов в Российской Федерации
Подробнее...

Шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳатман полиси суғуртаи тиббӣ дошта бошанд!

Агар Шумо полис надошта бошед – Шуморо метавонанд аз сарҳад нагузаронанд, ҷарима банданд, ё ҳатто аз Россия берун (депорт) кунанд! Полиси тиббӣ ду намуд мешавад:

-ОМС (обязательного медицинского страхования) – СҲТ (суғуртаи ҳатмии тиббӣ).

-ДМС (добровольного медицинского страхования) – СИТ (суғуртаи ихтиёрии тиббӣ).

 

ДМС (СИТ)

 

Полиси ДМС (СИТ)-ро дар идораҳои ширкатҳои суғурта инчунин дар шуъбаҳои «Почта России» («Почтаи Россия») метавон гирифт.
Нархи ДМС аз миқдори хизматрасониҳои тиббие вобаста аст, ки Шумо онҳоро гирифтан мехоҳед. Ин масъалаҳоро ҳамон лаҳзаи гирифтани полис ҳал кардан даркор аст.
Агар зан ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд аз хизматрасонии тиббии нақшавӣ баҳравар шудан хоҳад, ҳатман ин масъаларо дар вақти сабти полиси ДМС (СИТ) бояд баён кунад, зеро ин ба барномаи махсуси суғурта дохил мешавад.
Барои сабти полиси ДМС (СИТ) ин ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд:
- шиноснома бо тасдиқи нотариалии тарҷумаи он ба забони русӣ;
- корти муҳоҷират;
- қайди сабт (маълумот дар бораи сабт дар баҳисобгирии муҳоҷират).
Полиси ДМС (СИТ)-ро метавонад корфармои шумо (аммо вазифадор нест!) дастрас кунад.

 

ОМС (СҲТ)

 

Шумо метавонед полиси ОМС гиред, агар:

- шаҳрванди давлатҳои аъзои ЕАЭС бошед ва мувофиқи шартномаи меҳнатӣ кор кунед.

Ё чунин ҳуҷҷатњо дошта бошед:

- разрешение на временное проживание (РВП)

– ИИМ (иҷозати истиқомати муваққатӣ);

- вид на жительство (ВНЖ) - ИБИ (ичозат барои истиқомат);

- шаҳодатномаи пешниҳоди паноҳгоҳи муваққатӣ;

- шаҳодатномаи гуреза.

Барои гирифтани полиси ОМС ба поликлиника (дармонгоҳ)-и ҷойи қайд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:

- шиноснома (бо тасдиқи нотариалии тарҷумаи он ба забони русӣ);

- СНИЛС (страховой номер индивидуального лицевого счёта)

– РСҲШИ (рақами суғуртавии ҳисоби шахсии инфиродӣ), ки онро аз Пенсионный фонд – Фонди нафақа ё Многофункциональных центрах (МФЦ) - МБҶ (марказҳои бисёрҷабҳа) гирифтан мумкин аст; - шартномаи меҳнатӣ;

- корти муҳоҷирӣ;

- сабти қайд (қайди ба ҳисоби муҳоҷирӣ гирифтан, регистратсия).

 

! Аъзои оилаи шањрванди ЕАЭС, ки шартномаи мењнатии худро надоранд, њуќуќи гирифтани ОМС надоранд ва бояд полиси ДМС гиранд.

Ёрии таъљилии тиббӣ

!Дар Россия расондани ёрии таъҷилии тиббӣ БЕПУЛ аст! Ҳатто агар Шумо полиси тиббӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо надошта бошед ҳам бояд ҳатман ёрии таъҷилии тиббӣ расонанд.

Дар кадом ҳолат ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур аст:

- қатъ шудани нафаскашӣ;

- беҳушӣ;

- ҳангоми ҳодисаҳои нохуш (садамаҳои наклиёт, афтодан аз баландӣ ва ғайра);

- ҳангоми дарди шадид, дарди шикам ё дигар таъсироти ҳомиладорӣ;

- ҳангоми осебҳои шадид;

- ҳангоми заҳролудшавӣ;

- ҳангоми дарди сахт ва нагузарандаи шикам;

- ҳангоми таби баланд (баландтар аз 38,5);

- ҳангоми хунравӣ.

Телефонҳои ёрии таъҷилӣ – 112 ё 103 аз телефони мобилӣ даъват кардан мумкин аст (ҳатто он маблағи кофӣ надошта ё хизматрасонияш қатъ шуда бошад).

Координатор портала

logopsp

Полезная информация

spb welcome banner