Миграция и мигранты

Межрегиональный информационный портал
migrussia.ru

  1. Дар бораи коронавирус

Коронавируси COVID-19 сирояти хатрнокеро бармеангезад, ки ба шамолхӯрӣ монанд аст, аммо бо сабаби шамолхӯрӣ ва осеб ёфтани системаҳои нафас ва ҳозима оқибатҳои бад ва ҳатто марг дорад. Гурӯҳи асосии хатарнок – одамони аз синни 65 боло мебошанд, аммо ҳам кӯдакон, ҳам ҷавонон ва ҳам миёнсолон метавонанд аз он зиён бинанд. Вирус аз одам ба одам ба воситаи сулфа, атса, инчунин бо сабаби ламс кардан (бо дасту оғӯш) мегузарад.

Аломатҳои асосӣ: таби баланд, сулфаи хушк, нафастангӣ, дарди мушакҳо, хасташавии зиёд, дарди сар, баъзан дарди сина, исҳол, дилковӣ, қайкунӣ. Аломатҳо метавонанд дар тӯли 14 рӯзи баъди сироятёбӣ пайдо шаванд, ки ба аломатҳои шамолхӯрии оддӣ ё зуком монанд мебошанд.

Аз коронавирус чӣ тавр эҳтиёт кардан зарур аст:

ба ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо дастпӯшу ниқоби тиббӣ рафтан;

дастҳои чиркинро ба рӯй набурдан;

бо беморон муошират накардан;

дастҳоро тоза шустан а кам аз 30 сония);

безарар гардонидан ва бо собун шустани сатҳи ашёе, ки шумо ва дигарон ба онҳо даст мерасонанд;

ба одамони дигар наздик нашудан, даст нафушурдан.

Маълумоти бештар дар ин ҷо аст: стопкоронавирус.рф

 

2. Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Россия

- Кӣ ҳуқуқи ворид шудан ба ФР дорад:

Категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки вурудашон бар ФР мумкин аст, бо ин санад муайян карда шудаанд распоряжением Правительства РФ от 16 марта 2020 года №635-р http://www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_347693/

Аз ҷумла, инҳо мебошанд:

- Шаҳрвандони давлатҳое, дар муносибати онҳо бо Россия созишномаҳои байналмилалӣ оид ба сафарҳои бераводид амал мекунанд, дар ҳолате ки ин шаҳрвандон ба ФР бо сабаби марги хеши наздик (ҳамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, волидхондагон, парасторон, кафилон) бо шарти пешниҳоди нусхаи шаҳодатнома ё маълумотномаи вафот ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешӣ оянд.

- Шахсоне, ки аъзои оилаи шаҳрвандони ФР (ҳамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, волидхондагон, парасторон, кафилон) бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешӣ бо шаҳрванди ФР.

- Шахсоне, ки дар ҳудуди ФР ба таври доимӣ истиқомат мекунанд.Дар ин маврид ҳангоми гузаштани сарҳади давлатии Федератсияи Россия ҳуҷҷати иҷозати истиқомат ҳатмӣ аст.

- Шахсоне, ки ба тариқи транзит аз нуқтаҳои ҳавоии иҷозат ба воситаи сарҳади давлатии ФР бе берун шудан аз ҳудуди онҳо сафар мекунанд.

- Шахсони узв ва аҳли оилаи аъзои Барномаи давлатӣ оид ба мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанон, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд. Ҳамзамон шаҳрвандони хориҷии аҳли оилаи аъзои Барномаи давлатӣ танҳо дар ҳолати дар шаҳодатномаашон мавҷуд будани қайди ҳисоб ҳамчун аъзои оилаи иштирокчии Барномаи давлатӣ ба ФР ворид шуда метавонанд.

\- Шахсоне, ки ба ФР бо мақсади табобат меоянд, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо (нусхаҳои ҳуҷҷатҳо)-и додаи муассисаи тиббӣ ва тасдиқкунандаи даъватнома барои табобат бо нишон додани муҳлати табобат ё ҳуҷҷатҳо (нусхаи ҳуҷҷатҳо)-и тайёркардаи вазорати тандурустии Россия. Стандартҳо ва намунаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолат муайян карда нашудаанд. Ҳамзамон муҳтавои ин ҳуҷҷатҳо бояд мақсади мазкури сафари шаҳрванди хориҷиро тасдиқ кунанд.

- Шахсоне, ки ба ФР барои нигоҳубини хешони наздики бемори муҳтоҷашон (ҳамсарон, волидон, фарзандон, фарзандхондагон, волидхондагон, парасторон, кафилон) бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо (нусхаҳои ҳуҷҷатҳо), ки муассисаи тандурустӣ дода, ҳолати онҳоро тасдиқ кардааст ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешии онҳо.

Рӯйхати муфассалро дар ин сайт бинед: http://ps.fsb.ru/general/info/covid.htm - Тартиби гузаштан аз сарҳади давлатии ФР дар давраи паҳншавии сирояти нави коронавирус: ёддошти Пограничной службы ФСБ России

http://www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_347693/1e0230cb4569f47d53d2d38fb2d30fa798e8d12f/ - Рӯйхати давлатҳои хориҷӣ, ки шаҳрвандони онҳо ва шахсони дорои иҷозати истиқомат ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомати доимӣ дар онҳо, метавонанд аз ин давлатҳо ба воситаи нуқтаҳои ҳавоии иҷозат ба воситаи сарҳади давлатии ФР ба Россия оянд.

Тартиби вуруд ба ФР:

Барои вуруд бв ФР дар шароити пандемия шаҳрвандони хориҷӣ мутобиқ бо қарори сардухтури санитарии ФР ва фармоиши Ҳукумати ФР аз 26.01.2021 №140-р бояд ин ҳуҷҷатҳоро дошта бошанд:

-          Маълумотномаи натиҷаи манфии тести Ковид.

Шаҳрвандони хориҷии ба Россия воридшаванда бояд ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи надоштани COVID-19-ро, ки на пештар аз 72 соат то омадан ба Россия бо усули ПЦР гирифта бошанд, пешнищод кунанд. Агар шумо чунин маълумотнома надошта бошед, эҳтимоли қавӣ аст, ки шуморо ба хатсайр роҳ намедиҳанд.

-          Пурсишномаи иешакӣ хонапурӣ шуда – онро дар назоратгоҳи сарҳадӣ пешниҳод кардан лозим астhttps://www.gosuslugi.ru/394604/1

Пурсишнома (анкета)дар Портали ягонаи хизматрасониҳои (вазифаҳои) давлатӣ ва музофотӣ дар шакли ягона пур карда мешавадwww.gosuslugi.ru

ШАКЛИ ЯГОНА

Барои пур кардан аз тарафи шахсоне, ки аз сарҳади давлатии Федератсияи Россия гузаштанӣ ҳастанд бо имконияти гирифтани маълумот дар бораи қарори мумкин будани гузаштанашон аз сарҳади мазкур

Шакли тасдиқшуда барои пур кардани аризадиҳанда дар Портали ягонаи хизматрасониҳои (вазифаҳои) давлатӣ ва музофотӣ:

  1. Насаб
  2. Ном
  3. Номи падар
  4. Санаи таваллуд
  5. Ҷинс
  6. Шаҳрвандӣ
  7. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият: силсила, рақам
  8. Маълумот оид ба гузаштан аз сарҳад: нуқтаи интизории иҷозатдиҳӣ, Асос, Идора, Санаи вуруд.

 

-          Баъди вуруд ба ФР – дар муҳлати 3 рӯз гузаштан аз тести COVID-19 ва супурдани натиҷаҳои тест ба Роспотребнадзор

Маълумоти муфассал дар бораи вуруд:

https://www.gosuslugi.ru/394604/1?from=main – сабти ном (регистратсия)-и воридшудагон ба Федератсияи Россия дар портали«Госуслуги РФ»

https://www.gosuslugi.ru/400705/1?from=main – Фиристонидани натиҷаҳои тести сирояти коронавирус дар портали «Госуслуги РФ»

https://www.rospotrebnadzor.ru/about/info/news_time/news_details.php?ELEMENT_ID=13566 – Иттилооти Роспотребнадзора РФ

https://russiamedtravel.ru/upload/files/informatsionnaya_pamyatka.pdf - Ёддошти иттилоотӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади табобат ба ФР рафтанӣ ҳастанд

https://www.kdmid.ru/cd.aspx?lst=cd_wiki&it=/for_foreign.aspx - Иттилооти департаменти Вазорати корҳои хориҷии Россия

https://www.mid.ru/informacia-dla-rossijskih-i-inostrannyh-grazdan-v-svazi-s-koronavirusnoj-infekciej/-/asset_publisher/UUDFpNltySPE/content/id/4157104 - категорияҳои шаҳрвандоне, ки вурудашон ба ФР манъ шудааст – иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Россия

https://studyinrussia.ru/actual/articles/reglament-vezda-v-rossiyu-na-period-karantinnykh-mer/ - Тартиби вуруд ба Россия дар давраи маҳдудиятҳои карантинии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Россия

Манбаъҳо:

http://publication.pravo.gov.ru/Document/View/0001202101270003?index=0&rangeSize=1 – Распоряжение Правительства РФ от 26.01.2021 №140-р

http://government.ru/docs/39179/ - Распоряжение Правительства РФ от 16.03.2020 №635-р

 

3. Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР дар давраи пандемияи COVID-19

Дар давраи аз 15 марти соли 2020 то 15 июни соли 2021 қатъ карда шудаанд:

- Муҳлатҳои омадани муваққатӣ, истиқомати муваққатӣ, инчунин истиқомати доимӣ;

-
Муҳлатҳои рафтани ихтиёрӣ аз ҳудуди ФР барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки нисбати онҳо дар бораи рондани маъмурӣ бо роҳи рафтани мустақилонаи назоратшаванда қарор қабул шудааст;

- Имкони муроҷиат бо ариза дар бораи додани патент бе баҳисобгирии талабот ба муҳлати муқарраршудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои таҳияи он, оид ба мақсади вуруд ва хуруҷ аз ФР;

Мутобиқ бо муқаррароти Указа Президента РФ от 15.12.2020 N 791http://www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_371188/#dst100006 барои шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳое, ки то санаи 15 декабри 2020 роҳи ҳавоӣ боз шудааст, (аз ҷумла, шаҳрвандони Қазоқистон ва Қирғизистон) ҷараёни муҳлатҳои мазкур то 15 марти 2021 боздошта шудаанд.

Ҷараёни муҳлатҳои мазкур барои шаҳрвандони хориҷии кишварҳое, ки роҳи ҳавоияшон баъди 15 декабри 2020 кушода шудааст, ба муҳлати на зиёда аз 90 рӯз боздошта мешавад.

Ғайр аз ин баромадан аз ҳудуди ФР ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ба ватанҳои шаҳрвандии худ иҷозат дода шудааст, дар ҳолате, ки муҳлати амали ҳуҷҷатҳояшон баъди 14 марти соли 2020 ба охир расидааст.Мавҷудияти ҳуҷҷате, ки шахсияти шаҳрванди хориҷиро тасдиқ мекунад ва ин мақомаш дар ФР эътироф шудааст.

Қарор дар бораи рондани маъмурӣ аз ҳудуди ФР ё депортатсия, инчунин дар бораи маҳдуд кардани муҳлати истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россия, дар бораи маҳрум кардан аз мақоми гурезагӣ, паноҳгоҳи муваққатӣ, дар бораи бекор кардани раводидҳои пештар додашуда, иҷозатҳои корӣ, патентҳо, иҷозатҳои истиқомати муваққатӣ, иҷозати истиқомати доимӣ, шаҳодатномаҳои узви Барномаи давлатӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ то 15 июни соли 2021 қабул карда намешаванд.

Таваҷҷуҳ кунед:

Аз 16 июни 2020 дигар хориҷиён бе патент ва иҷозати корӣ ба кор қабул карда намешаванд!

Аз 16 июни 2020 муҳлати амали патентҳо ва иҷозатномаҳои корӣ дигар боздошта намешаванд – патентҳоро бояд мувофиқи пешпардохтҳо, мисли то 15 март дароз кард!

Ҷаримаҳо мутобиқи моддаҳои КоАП РФ барои ҳисоби муҳоҷирати қалбакӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ғайра мисли пешина боқӣ мемонанд!

Манъи вуруд мисли пешина бароварда мешавад!

Манбаъҳои иттилои расмӣ:

http://www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_350638/ - Указ Президента РФ от 18.04.2020 N 274 (ред. от 02.01.2021) "О временных мерах по урегулированию правового положения иностранных граждан и лиц без гражданства в Российской Федерации в связи с угрозой дальнейшего распространения новой коронавирусной инфекции (COVID-19)"

http://www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_371188/#dst100006 - Указ Президента РФ от 15.12.2020 N 791 "О продлении действия временных мер по урегулированию правового положения иностранных граждан и лиц без гражданства в Российской Федерации в связи с угрозой дальнейшего распространения новой коронавирусной инфекции (COVID-19)"

https://xn--b1aew.xn--p1ai/news/item/21275006/ - Разъяснения МВД России

https://www.garant.ru/products/ipo/prime/doc/73754036/ - Письмо МВД России от 19 марта 2020 г. N 1/2964 “О дополнительных мерах по предупреждению распространения коронавирусной инфекции (2019-nCoV)

https://www.garant.ru/products/ipo/prime/doc/74613368/ - Письмо МВД России от 15 сентября 2020 г. N 1/10382 “По вопросу временного пребывания иностранных граждан и лиц без гражданства в Российской Федерации”

 4)Ёрии тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ

Ба саломатии худ аҳамият бояд дод. Дар сурати бад шудани саломатӣ фавран барои ёрӣ муроҷиат кунед. Ҳар гуна ёрии таъҷилӣ, фаврӣ ва таъхирнопазири тиббӣ дар шароити пандемия ҳангоми таҳдид ба ҳаёти инсон бепул аст, агар полиси тиббӣ ва дигар ҳуҷҷат надошта бошед ҳам.

Ёрии таъҷилиро бо телефонҳои 112 ё 103 даъват кардан мумкин аст.

Дар бораи мушкилоти ваксиназанӣ аз COVID-19, даъвати ёрии таъҷилии тиббӣ, занг задан ба муассисаи тиббӣ ба хати доғи COVID-19 ё рақами ягонаи 122 муроҷиат кунед..

Аз 27 июни 2020 COVID-19 ба рӯйхати бемориҳои сироятии хатарнок барои атрофиён дохил карда шудааст. Агар шумо гирифтори COVID-19 бошед – метавонанд ба шумо иҷозати истиқомати муваққатӣ, иҷозати истиқомати доимӣ, ё патент ё иҷозати кор дар Федератсияи Россия надиҳанд, ё пештараҳояшонро бекор кунанд.

https://78.мвд.рф/news/вопросы-миграции-/item/20526425

 

Иттилооти бештар:

Хати доғи Вазорати тандурустии Россия: 8-800-200-0-200

Маркази ягонаи машваратии Роспотребнадзор: 8-800-555-49-43

Иттилои расмӣ оид ба коронавирус дар сайти мэри Москва: https://www.mos.ru/city/projects/covid-19/

Хати шабонарӯзии Комитети тандурустии Санкт-Петербург: 8 (812) 63-555-77 zdrav.spb.ru

Хати шабонарӯзии Комитети тандурустии Санкт-Петербург барои занони ҳомила: 8 (952) 288-03-20

Ёрии тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Санкт-Петербург, робитаҳои муассисаҳои тиббӣ ва ёрии таъҷилӣ: migrantinfo.kmormp.gov.spb.ru/budte-zdorovy

 

5)Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ

Дар шароити эпидемиякордиҳанда ҳуқуқ надорад, ки ҳамту шуморо аз кор пеш кунад ё маошатонро бурад, маҷбур кунад, ки ба кор бароед ё кори иловагии бе музд кунед. Кордиҳанда инчунин бояд шуморо бо маводи муҳофизатӣ (ниқоб, дастпӯш) таъмин намояд, тағйир ёфтани реҷаи корро ба таври хаттӣ бо шумо мувофиқа кунад, музди меҳнатро сари вақт ва пурра пардохт кунад, ба ҷаримабандӣ, камҳисобӣ ва кашол ёфтани муҳлат роҳ надиҳад.

Дар бораи поймолшавии ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва қоидаҳои худмуҳофизатӣ аз тарафи кордиҳанда шумо метавонед ба Инспексияи давлатии меҳнат хабар диҳел:

Хати доғи Роструд: онлайнинспекция.рф/covid19

Государственная инспекция труда в Санкт-Петербурге: git78.rostrud.ru, 8 (812) 747-37-85, хати доғи шабонарӯзӣ: 8 (812) 408-90-16

 

6)Ёрии махсуси ҳуқуқӣ ва дастгирӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ, иҷозати истиқомат доранд, аъзои оилаи шаҳрвандони ФР мебошанд, инчунин оилаҳои серфарзанд ва шахсони кӯҳансол ҳуқуқ доранд, ки барои гирифтани ёрии иҷтимоии таъҷилӣ муроҷиат кунанд.

Дар бораи имкониятҳо ва тартиботи гирифтани ёрии иҷтимоӣ дар Санкт-Петербург шумо метавонед бо телефони хати доғи зерин занг занед: СПб ГКУ «Центр организации социального обслуживания»:8 (812) 576-0-576 (дар вақти корӣ)

Агар шумо шаҳрванди хориҷӣ ҳастед ва бароятон фавран ёрии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ зарур аст, агар шумо ба ҳолати ногувор афтодед ё ба машварат ниёз доред, барои машварат ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат кунед:

ш. Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград:

- БФ «ПСП-фонд (ёрии ҳуқуқии бепул):

8 (812) 337-57-85, 8 (953) 141-31-09, psp-f.org, vk.com/pspfond

- Маркази иттилоотию машваратии Салиби Сурх (машваратдиҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ):

8 (800) 333-00-16, spbredcross.org

Инчунин шумо метавонед ба хати доғи Комитета по межнациональным отношениям и реализации миграционной политики в Санкт-Петербурге муроҷиат кунед: 8 (812) 576-28-67, migrantinfo.kmormp.gov.spb.ru

ш. Москвава вилояти Москва:

- Комитет «Гражданское содействие» (ёрии ҳуқуқӣ):

8 (495) 681-18-23, 8 (968) 918-98-65, refugee.ru

 

7)Сафоратҳо ва консулгариҳо. Бозгашт ба ватан.

Дар назди консулгариҳо ва сафоратҳои давлатҳои шумо ситодҳои фаврӣ амал мекунанд, ки дар онҳо шумо метавонед дастгирии зарурӣ ва хизматҳои давлатиро, аз ҷумла оид ба масъалаи бозгашти таъҷилӣ ба ватан дарёфт кунед.

Маълумоти бештар:

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР:https://tajembassy.ru/ru/

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург: tajgenconsspb.ru,
8 (812) 490-47-46, +7 (961) 611-16-17 (
хати доғи шабонарӯзӣ)

Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ФР: http://www.uzembassy.ru/#

Ситодҳои фаврӣ дар назди сафорат ва консулгариҳои Ӯзбекистон дар ФР оид ба масъалаҳои ёрӣ додан дар шароити эпидемия: http://www.uzembassy.ru/page/1029

Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Санкт-Петербург: uzbekistanspb.ru,

+7962 707 5464 (консули генералӣ), +7965К 070 4444 («Узбекские авиалинии»),

+7963 320 8358 (Агентии муҳоҷирати меҳнатии берунӣ).

Координатор портала

logopsp

Полезная информация

spb welcome banner